Матни равон

Таҳти ин унвон дар толори бахши фарҳанги шаҳри Гулистон маҳфили илмӣ – адабӣ таҳти унвони «Тоҷикистон, ба пеш!» бо иштироки фаъолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳр баргузор гардид.

Дар ибтидо мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Илҳом Мадализода номаи шодбошии Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзодаро манзури иштирокдорони маҳфил намуд.

Сипас мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов дар мавзӯи “Ҷавонон ва Истиқлолияти давлатӣ” суханронӣ намуд. Омӯзгори муассисаи таълимии №14 Бимфазилат Юсуфова, ғолиби озмуни шаҳрии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Зубайда Раҳмонова, муовини директори гимназия Фазилат Фаридунова ва директори китобхонаи марказии шаҳр Биомина Мирзоева доир ба мафҳум, моҳият ва арзишҳои истиқлолият суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию  ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст. Истиқлолият дастоварди беназири давлату миллати тоҷик аст, ки 30-сол муқаддам ҳамчун муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавиштсозии миллати тоҷик арзи вуҷуд намуд. Имрӯз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва бо сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки нерумандтарин муҳофизи истиқлолияти кишвар мебошанд, мардуми Тоҷикистон озодона, дар фазои сулҳу ваҳдат бо сари баланд зиндагӣ ва меҳнат мекунанд.

Сипас адиби гулистонӣ Илҳом Раҳим аз осори манзуми худ дар васфи Ватан, Тоҷикистон ва ваҳдати миллӣ намунаҳо қироат кард.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:4910
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2713
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12332
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:90719
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7630564

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?