13 Август 2021
Таҳти ин унвон дар толори бахши фарҳанги шаҳри Гулистон маҳфили илмӣ – адабӣ таҳти унвони «Тоҷикистон, ба пеш!» бо иштироки фаъолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳр баргузор гардид.
Дар ибтидо мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Илҳом Мадализода номаи шодбошии Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзодаро манзури иштирокдорони маҳфил намуд.
Сипас мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов дар мавзӯи “Ҷавонон ва Истиқлолияти давлатӣ” суханронӣ намуд. Омӯзгори муассисаи таълимии №14 Бимфазилат Юсуфова, ғолиби озмуни шаҳрии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Зубайда Раҳмонова, муовини директори гимназия Фазилат Фаридунова ва директори китобхонаи марказии шаҳр Биомина Мирзоева доир ба мафҳум, моҳият ва арзишҳои истиқлолият суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст. Истиқлолият дастоварди беназири давлату миллати тоҷик аст, ки 30-сол муқаддам ҳамчун муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавиштсозии миллати тоҷик арзи вуҷуд намуд. Имрӯз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва бо сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки нерумандтарин муҳофизи истиқлолияти кишвар мебошанд, мардуми Тоҷикистон озодона, дар фазои сулҳу ваҳдат бо сари баланд зиндагӣ ва меҳнат мекунанд.
Сипас адиби гулистонӣ Илҳом Раҳим аз осори манзуми худ дар васфи Ватан, Тоҷикистон ва ваҳдати миллӣ намунаҳо қироат кард.