30 Сентябр 2019
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН
барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
Дастгоҳи Раиси шаҳр:
1.Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр – 1 ҷой маоши мансабӣ 780 сомонӣ;
Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр:
1. Мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр – 1 ҷой маоши мансабӣ1085,40 сомонӣ:
2. Мутахассиси бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр – 1 ҷой маоши мансабӣ 644 сомонӣ:
Мақомоти худидоракунии ҷамоати шаҳракҳо:
1.Сармутахассис-заминсози ҷамоати шаҳраки Консой– 1 ҷой
маоши мансабӣ 894 сомонӣ;
2.Сармутахассис-заминсози ҷамоати шаҳраки Сирдарё– 1
ҷой маоши мансабӣ 894 сомонӣ;
3.Сармутахассис-заминсози ҷамоати шаҳраки Адрасмон-
1 ҷой маоши мансабӣ 894 сомонӣ:
4.Сармутахассис-заминсози ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон–
1 ҷой маоши мансабӣ 894 сомонӣ;
5.Сармутахассис(сармуҳосиб)-и ҷамоати шаҳраки
Адрасмон – 1 ҷой маоши мансабӣ 894 сомонӣ;
6.Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими
ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон– 1 ҷой маоши мансабӣ 894
сомонӣ;
7.Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими
ҷамоати шаҳраки Навгарзан– 1 ҷой маоши мансабӣ 894
сомонӣ;
8.Нозири мизи ҳарбии ҷамоати шаҳраки Консой – 1 ҷой
маоши мансабӣ 732 сомонӣ;
9.Нозири мизи ҳарбии ҷамоати шаҳраки Зарнисор – 1 ҷой
маоши мансабӣ 732 сомонӣ;
10.Нозири мизи ҳарбии ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон– 1
ҷой маоши мансабӣ 732 сомонӣ;
11.Нозири мизи ҳарбии ҷамоати шаҳраки Адрасмон– 1 ҷой
маоши мансабӣ 732 сомонӣ.
ТАЛАБОТИ ТАХАССУСӢ:
БАРОИ МАНСАБИ САРМУТАХАССИС:
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисос ба мансабӣ ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
БАРОИ МАНСАБИ МУТАХАССИСИ ПЕШБАР:
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисос ба мансабӣ ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
БАРОИ МАНСАБИ МУТАХАССИС:
-таҳсилоти олӣ, ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои мансабҳои мазкури
маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
ҲУҶҶАТҲОИ ЗАРУРИИ ПЕШНИҲОДШАВАНДА:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот; - варақаи шахсии ба ҳисобгирии кадрҳо бо 4 адад расми 3х4; - тарҷумаи ҳол; - нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот; - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; - маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ); - нусхаи шиноснома; - маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ (ИТС); - нусхаи шаҳодатномаи дахлдори сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ; - нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН); - маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк; - нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 21 рӯз пас аз нашри эълон дар бораи гузаронидани озмун. Эзоҳ: иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
Нишонӣ: шаҳри Гулистон, кӯчаи Истиқлол №79, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон,Телефон барои маълумот: (83443)- 2-46-11, ҳамзамон ҳуҷҷатҳои довталабон тариқи почтаи элекронии E.mail.www.kadr5151@mail.ru қабул карда мешаванд.