Матни равон

Мадализода Илҳоми Раҳим 1-уми сентябри соли 1960 дар шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон таваллуд ёфтаааст. Мактаби миёнаи рақами 7-и шаҳракро хатм кардааст. Соли 1978 ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Ленинобод (ҳозира ДДХ ба номи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Хуҷанд) ба факултаи таъриху филология дохил шуда, онро соли 1982 бо дипломи аъло хатм намудааст.

Солҳои 1982–1984 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶСШ хизмат кардааст. Аз соли 1984 то соли 1992 дар мактабҳои № 5, 7, 8 шаҳраки Адрасмон ва Сирдарё фаъолияти омӯзгорӣ дошт. Моҳи майи соли 1992 котиби кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи шаҳри Қайроққум интихоб гардида, дар ин вазифа то январи соли 1995 кор кардааст. Солҳои 1995-1998 ба ҳайси муовини директори ширкати телевизионии «Темурмалик» фаъолият дошт. Солҳои 90-уми қарни бистум дар вазифаи сардабир рӯзномаҳои «Ганҷбахш», «Суғдиён-медикор-777» ва «Барқчӣ»-ро нашр карда буд.

11 марти соли 1998 бо ташаббуси Илҳом Раҳим Мадализода дар шаҳри Қайроққум нахустин рӯзномаи расмии «Соҳил» таъсис дода шуд. То апрели соли 2012 ӯ ба ҳайси сармуҳаррири нашрияи «Соҳил» фаъолияти меҳнатӣ дошт. Минбаъд вай дар вазифаҳои мудири бахш оид ба корҳои дини МИҲД-и шаҳри Қайроққум, муовини сармуҳаррир ва котиби масъули рӯзномаи «Сухани халқ», сармуҳаррири рӯзномаи «Маъданшинос»-и Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон (шаҳри Чкалов) ифои вазифа намудааст. Аз моҳи апрели соли 2015 мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Қайроққум мебошад.

Муаллифи маҷмӯаи шеърҳои «Ашки шабнам» (2000), «Ватанам – Тоҷикистон» (2003), «Садои мусофирӣ» (2010) ва маҷмӯаи ҳикояҳо ва тарҷумаҳои «Кашфиёт» (2014) мебошад.

Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

Шарҳҳо  

 
0 #1 Муродчон 07.09.2015 16:01
Инсони начиб!
Шарҳ
 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:8
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4115
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:18809
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16310
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:55260
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8264772

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?