23 Феврал 2013
Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр ба масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ, таъминоти моддию техникӣ, ва иттиолоотию таҳлилии фаъолияти Раиси шаҳр роҳбарии умумиро ба роҳ мемонад
Дар сурати ҳозир набудани Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр иҷрои вазифаҳои ӯ бо супориши Раиси шаҳр ба зиммаи мудири шӯъбаи ташкилӣ, кор бо кадрҳо ва назорати дастгоҳи Раиси шаҳр гузошта мешавад.
Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр чунин вазифаҳоро бевосита анҷом медиҳад:
- фаъолияти раёсатҳо, шӯъбаҳо ва дигар сохторҳои воҳидии дастгоҳи Раиси шаҳрро ҳамоҳанг ва мутобиқ месозад;
- ҳамкорӣ ва фаъолияти дастгоҳи Раиси шаҳрро бо Комиссияи Марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумьурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад;
- назоратро оид ба омода намудани лоиҳаи қарор ва фармоишҳои Раиси шаҳр. Инчунин дигар масъалаҳое, ки аз ҷониби Раиси шаҳр баррасӣ мешаванд, ба роҳ мемонад;
- нақшаи фаъолияти раёсатҳо, шӯъбаҳо, ва дигар сохторҳои воҳидии дастгоҳи Раиси шаҳрро таҳлил намуда, нақшаи фаъолияти мақомоти давлатии шаҳрро таҳия ва барои тасдиқ ба Раиси шаҳр пешниҳод менамояд;
- фаъолияти раёсатҳо, шӯъбаҳо, ва дигар сохторҳои воҳидии дастгоҳи Раиси шаҳрро бо Маҷлиси вакилони халқӣ шаҳр ва раисони комиссияҳои доимии он таъмин намуда, ҳамкории мутақобилаи онҳоро бо дигар сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ба роҳ мемонад, ва доир ба инъикоси фаъолияти онҳо тадбирҳо меандешад;
- сиёсати кадриро дар корхона муассиса ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият ва фаъолияти хоҷагидориашон дар қаламрави шаҳр, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва дигар воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таъмин менамояд;
- оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» тадбирҳо андешида, назорати доимии иҷрои онро дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ ба роҳ мемонад;
- ба фаъолияти молиявӣ-хоҷагии дастгоҳи Раиси шаҳр бевосита роҳбарӣ менамояд;
- дигар вазифаҳоеро, ки аз рӯи санад ва супоришҳои Раиси шаҳр ба замимааш гузашта шудаанд, иҷро мекунанд.