Матни равон

Муовини аввали Раиси шаҳр  роҳбарии умумиро барои татбиқ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи саноат, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсияи шаҳр дар ӯҳда дошта, таъминоти фаъолияти босамари тамоми коргоҳҳои саноатӣ, энергетикӣ, нақлиёту коммуникатсияи шаҳрро, аз ҷумла коргоҳҳои саноати мудофиавӣ ва сохтмони саноатиро ба роҳ мемонад. Масъалаҳои соҳаи рушди иқтисод ва савдо, сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи рушди иқтисод, ислоҳоти иқтисодӣ, пулию қарзӣ, буҷету андоз, ҷалби инвеститсияҳои хориҷӣ, савдои дохилӣ ва берунӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, илмию техникӣ, омори давлатӣ, стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва фаъолияти зидди инҳисориро дар қаламрави шаҳр амалӣ менамояд.

Соҳаи сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар шаҳр ба ӯҳда дошта, дар доираи ваколаташ фаъолияти тамоми хадамоту ташкилотҳои сохтмонӣ ва меъмории шаҳрро ҳамоҳанг месозад. Масъалаҳои истифодаи оқилонаи замин, хоҷагии ҷангал, об ва дигар захираҳои табии, фаъолияти заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ, инчунин чорабиниҳои марбут ба ҳифзи муҳити зистро дар доираи салоҳияташ ба роҳ мемонад

 

Дар сурати ҳозир набудани муовини аввали Раиси шаҳр иҷрои вазифаҳои ӯ бо супориши Раиси шаҳр ба замимаи яке аз муовинони Раиси шаҳр гузошта мешавад.

Муовини аввали Раиси шаҳр чунин вазифаҳоро бевосита анҷом медиҳад:

 

  • ба фаъолияти корхона ва ташкилотҳое,ки бо истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва энергетикӣ алоқаманданд, роҳбарӣ мекунад.
  • ба фаъолияти тамоми корхона ва ташкилотҳои саноатии дар қаламрави шаҳр буда, аз ҷумла саноати хӯрокворӣ, роҳбарӣ намуда, назоратро барои бехатарии иншоотҳои муҳими хоҷагии халқи шаҳр таъмин менамояд:
  • роҳбарӣ ва ҳамохангсозии фаъолияти коргоҳҳои соҳаи геология, нақлиёт, алоқа ва роҳдорӣ, инчунин назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва кӯҳкориро анҷом медиҳад ва тадбирҳои ташкилии таблиғ ва ҳамоҳангсозии фаъолиятро доир ба итилоотонӣ ва рушди технологияҳои коммуникатсионӣ дар шаҳр меандешад:
  • дар таҳия намудани консепсия ва барномаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии рушди соҳаи саноат, энергетика, нақлиёт ва  коммуникатсияи шаҳр иштирок намуда, татбиқи онҳоро таъмин менамояд:
  • ҷиҳати баланд бардоштани фаъолияти самараноки ташкилот ва коргоҳҳои соҳаи саноатии шаҳр оид ба вусъат бахшидани рақобатнокии маҳсулоти истеҳсолшаванда ва хизматрасонӣ мусоидат намуда, барои ҷалб намудани сармояи хориҷӣ тадбирҳо меандешад:
  • ба фаъолияти комиссияи шаҳрӣ оиди даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ роҳбарӣ  ва чорабиниҳои марбут ба омодагӣ ва даъвати ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ ба роҳ мемонад:
  • дар танзими сиёсати андозбандӣ ва маблағгузории соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқӣ шаҳр иштирок мекунад;
  • барои таҳия намудани нақшаи дурнамои тараққиёти шаҳр ва пешниҳоди он тибқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, инчунин ба назорати интизоми қатъии молиявии ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр масъул мебошад;
  • оид ба танзими фаъолияти савдои хориҷӣ аз ҷумла танзими молиявӣ, тарифию гумрукӣ, сертификатсияи молҳои воридоту содиротӣ, якҷоя бо мақомоти далхдори давлатӣ тадбирҳо меандешад;
  • ба фаъолияти муассисаҳои бонкҳо ва муассисаҳои суғуртавӣ дар доираи ваколаташ роҳбарӣ менамояд;
  • дар таҳияи стратегияи рушди комплекси сохтмон  меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳр, инчунин дар татбиқи он дар доираи барнома, лоиҳа ва чорабиниҳои соҳавӣ роҳбарӣ ва иштирок менамояд;
  • ташкили назорати мунтазами риояи талаботҳои ҳатмии стандартҳои давлатии сохтмон, шартҳои техникӣ, меъёр ва қоидаҳои сохтмон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба соҳаи сохтмон, саноати сохтмонӣ, меъморӣ ва шаҳрсозиро аз ҷониби тамоми субъектҳои хоҷагидор дар қаламрави шаҳр таъмин менамояд;
  • ба таъсисёбии гурӯҳҳои молиявию истеҳсолӣ ва ширкатҳои лизингӣ дар соҳаи сохтмон ва саноати сохтмонӣ дар шаҳр мусоидат менамояд;
  • ба ташкил ва гузаронидани намоиш-ярмаркаҳои марбут ба муаррифӣ ва фурӯши техникаву масолеҳи сохтмони, технологияи меъморӣ ва шаҳрсозӣ роҳбарӣ менамояд;
  • ба сохтмони иншоотҳои соҳаи  саноат, газу барқ, роҳҳо, нақбҳо, таҷдиди роҳҳои автомобилгард ва иншоотҳои он роҳбарӣ менамояд;
  • роҳбариро ба комиссияи шаҳрии ҳолатҳои фавкулодда ва гузаронидани чорабиниҳои эвакуатсионӣ таъмин менамояд;
  • якжоя бо Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии шаҳр доир ба ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои рафъи ҳамоҳанг намудани фаъолияти мақомоти далхдор тадбирҳо меандешад;
  • дигар вазифаҳоеро, ки тибқи санадҳои Раиси шаҳр ба зиммаи ӯ гузашта шудаанд, иҷро мекунанд.

 

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:63
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4115
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:18864
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16310
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:55315
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8264827

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?