30 Январ 2018
Қатъи ҳамкории ду ташаккули умдаи мухолифини тоҷик - "Гуруҳи 24” бо ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ), ки рӯзи 20 январ эълон шуд, нафақат ихтилофоти мавҷуда дар байни мухолифони ҳукумати кунунии Тоҷикистонро рӯи об баровард, балки талошҳои анҷомшуда барои сохтани Иттиҳоди нави нирӯҳои оппозиюни тоҷик, ё ба истилоҳ тарҳи ИНОТ-2-ро низ амалан барбод дод ва ҲНИТ-ро дар танҳоӣ гузошт. Ҳадди ақал дар марҳалаи кунунӣ.
Тобистони соли 2017, дар пайи эълони азми мухолифини тоҷик барои таъсиси эътилоф, Сайфулло Сафаров, як таҳлилгари аршади тарафдори ҳукумат гуфта буд, ташкили иттиҳоди мухолифин барои ҳукумат хатари ҷиддӣ дорад ва мақомот бояд ҷиддан ва оҷилан рӯи ин бияндешанд. Ва инак, бо гузашти ҳамагӣ ним сол аз ин ҳушдори Сайфулло Сафаров мебинем, ки "чораҳо” алакай андешида шудаанд ва мухолифин ба ҷои наздик шудан ба ташкили эътилоф баракс ҳарчӣ бештар дар гирдоби ихтилоф фурӯ мераванд.
Ва сарфи назар аз он ки "Гуруҳи 24” ва аз он қабл Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон, як ташаккули дигари оппозиюни тоҷик, ҳар навъ даст доштани мақомоти Душанбе дар ин ҷудоиҳои афтода байни онҳо ва ҲНИТ-ро рад мекунанд, ин ҷудоиҳо ва амалӣ нашудани нақшаи сохтани ИНОТ-2-ро метавон як муваффақияти мақомоти амниятии Тоҷикистон унвон кард.
Ва ҳатто Маҳмудхон Бурҳонов, яке аз мунтақидони ҳукумати кунунии Тоҷикистон дар саҳифааш дар Фейсбук бо як ҷумла ин нуктаро эътироф карда, навишт:ÂÂ "Бояд ба Ятимов табрик гуфт.”
Ба ақидаи Маҳмудхон Бурҳонов, ҳарчанд ҷудоии уфтода байни "Гуруҳи 24” ва ҲНИТ кори дасти раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) Ятимов ва идораи ӯ нест, вале ин амр ҷавобгӯи аҳдофи КДАМ буд: "Агар вазъи як соли ахири мухолифинро нигоҳ кунед, нек мефаҳмед, ки воқеан КДАМ дар кори худаш муваффақ буда аст.”
Чанд расонаи расмии марбут ба идораҳои давлатии Тоҷикистон низ бо нашри матлабҳо аз қатъи ҳамкорӣ байни ду гуруҳи умдаи мухолифи ҳукумат хуш истиқбол карданд.
Баъди ба "Гуруҳи 24” пайвастани созмонҳои "Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” ва "Озодӣ ва адолат” таркиби мухолифони ҳукумати кунунии Тоҷикистон амалан аз се ташаккул иборат аст: ҲНИТ, "Гуруҳи 24” ва Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистони Додоҷони Атовуллоҳ. Аз ин миён Анҷумани нирӯҳои созанда аз тобистони соли 2017 мавқеи мухолифат бо ҲНИТ-ро пеш гирифта ва "Гуруҳи 24” низ ахиран ҳар навъ ҳамкорӣ ва робитаҳои сиёсӣ бо ҲНИТ-ро расман қатъ кард.
Ҷудоие, ки байни ин се гуруҳ афтодааст, заъфҳои мухолифини ҳукумати кунуниро низ ба намоиш мегузорад.
Ташаккулҳои мухолифин дар се соли охир асосан рӯи ташкили фаъолият дар кишварҳои Аврупо тамаркуз кардаанд ва чунин тамаркуз ба далели хеле дур будани Аврупо аз Тоҷикистон ба сари худ мухолифони ҳукуматро дар як мавқеи пур аз заъф ва осебпазир қарор медиҳад.
Ин гуруҳҳо тавони ҷалби издиҳомҳои бузург ба сафҳои худ дар ин қораи аз Тоҷикистон ҳазорон километр дур надоранд ва ин дурӣ ҳамзамон таъсири муборизаҳои онҳоро низ хеле камранг мегардонад. Умеди мухолифин барои ҷазби нерӯ аз ҳисоби онҳое, ки ба Аврупо паноҳанда мешаванд, низ зоҳиран самараи чандоне надод.
Гузашта аз ин нуқтаи авҷи ин рехтани сели паноҳандаҳо соли 2016 буд, ки қариб 5 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба Аврупо паноҳ оварданд. Соли 2017 ин рақам то ҳадди 1200 нафар пойин омад. Мушкили сафар ба Аврупо аз як тараф ва рад шудани садҳо дархости паноҳҷӯёни тоҷик аз тарафи дигар бисёриҳоро аз азми паноҳ бурдан ба Аврупо ноумед кард.
Бар илова, на ҳамаи онҳое, ки то Аврупо расиданд, тарафдорони пойбанду содиқи оппозитсияанд. Дар байни паноҳҷӯёни тоҷик онҳое ҳам зиёданд, ки ба хотири ҷустуҷӯи як зиндагии беҳтар худро ба ин қора задаанд ва агар дар мароҳили аввал барои дарёфти мақом худро мухолифи ҳукумат тасвир мекарданд, баъди дарёфти чунин мақом худро аз мухолифин комилан мебуранд.
Яке аз фаъолони мухолифин дар суҳбат бо сомонаи "Ахбор” эътироф кард, ки садои онҳо аз дурии 5 ҳазор километр то Душанбе намерасад ва мардум аз ҳаракатҳои мухолифин аксаран хабар надоранд:ÂÂ "Аз чунин дурӣ бояд бо садои хеле баланд фарёд кард, ки дар Тоҷикистон шуморо шунаванд. Вале нирӯҳои то Аврупо расида хеле маҳдуданд. Бисёриҳо, ҳатто бархе роҳбарони собиқи аҳзобу гуруҳҳои мухолифин баъди дарёфти мақоми паноҳандагӣ дар Аврупо дунболи зиндагии худ шудаанд ва ба қавле, соҳиби ҷои гарм шуда, аз сиёсат фаромӯш карданд. Як намунааш, барои мисол, Муҳаммадкарими Орзу, собиқ муовини раиси ҲНИТ аст, ки ҳоло комилан аз фаъолиятҳои сиёсӣ худро канор гирифтааст.”
"Гуруҳи 24” дар ин авохир, тавре ба назар мерасад, рӯи таҳияи барномаҳои телевизионӣ, аз ҷумла барномаи "Садои мардум”, ки дар Интернет нашр мешавад, ва радиобарномаҳо дар "Зелло” маҳдуд шудааст. Ба фарқ аз солҳои қаблӣ, дар як соли охир кадом эътирози пурсарусадое бо ташаббуси "Гуруҳи 24” дар Аврупо ё кишварҳои дигар доир нашуд.
Анҷумани нирӯҳои созанда, ки роҳбараш Додоҷони Атовуллоҳ, бино ба хабарҳо, ахиран ба Душанбе сафар кардаву ҳатто бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳам мулоқот доштааст, бештар андармони ҳамин музокираҳо бо мақомоти Тоҷикистон аст, ки чӣ ба бор хоҳад овард.
ҲНИТ, ки дар байни ташаккулҳои мухолифин ҳам аз нигоҳи молиявӣ ва ҳам аз нигоҳи теъдоди тарафдорон аз ҳама қавӣ ба назар мерасад, дар соли 2017 дар қиёс бо дигар гуруҳҳои оппозитсия фаъолтар буд: Моҳи июл дар Дортмунд як нишаст бахшида ба солгарди 20-уми имзои созишномаи сулҳ доир кард, моҳи сентябр дар ҳошияи нишасти САҲА дар Варшава тазоҳуроти эътирозӣ (ДАР АКС) ва чанд нишаст ташкил дод, бино ба ҳисобҳо, тавонист садҳо тан аз аъзояшро ба Аврупо биорад, дар тирамоҳи соли гузашта бо ҷалби журналистони касбӣ сомонаи ба ин ҳизб наздики "Паём”-ро ҳам тақвият дод. Ҳарчанд дар ниҳоят як мусоҳиба дар ҳамин "Паём” ҳадди ақал баҳонаи қатъи ҳамкории "Гуруҳи 24” бо ҲНИТ шуд.
Аммо наҳзатиҳо дар соли гузашта ба муҳимтарин ҳадафи худ – таъсиси эътилофи нирӯҳои мухолифин – ноил шуда натавонистанд. Бидуни ташкили чунин эътилоф дасти мухолифони тоҷик ҳамчунон кӯтоҳ ва муборизаҳояшон камрангу бенатиҷа боқӣ мемонад.
Гап сари ин аст, ки аз се ташаккули мухолифини тоҷик дуяш – ҲНИТ ва "Гуруҳи 24” расман аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудаанд. Душанбе "Гуруҳи 24”-ро ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ ва ҲНИТ-ро ба рӯйхати ҳам созмонҳои ифротӣ ва ҳам созмонҳои террористӣ шомил кардааст. Ва ҳарчанд ин ҳукмро кишварҳои Аврупо расман эътироф накардаанд, вале бо ҳар вуҷуд, дар муносибат ва тамос бо ин гуруҳҳои оппозиюни тоҷик бо дарназардошти мамнӯъ буданашон дар Тоҷикистон ва ҳам ба далели иттиҳоми терроризм, ки аз Душанбе ба зидди ин гуруҳҳо баланд мешаванд, аз эҳтиёти тамом кор мегиранд.
Таъсиси ИНОТ-2, ки як созмони нави дар Тоҷикистон мамнӯъношуда мешуд, метавонист барои оппозитсияи тоҷик имконоти бештаре барои тамосу мулоқотҳо бо мақомоти аврупоӣ фароҳам биорад. Ва аз ин лиҳоз инки мегӯянд, пешгирӣ аз таъсиси чунин эътилофи нави мухолифин ҷавобгӯи манфиатҳо ва аҳдофи мақомоти амниятии Тоҷикистон аст, фарзе қобили арзёбист.
Бозгашти Додоҷони Атовуллоҳ, агар ниҳоӣ шавад, ва дар пайи он, даст кашидани мақомоти Душанбе аз сиёсатҳои саркӯбгарона ва қатъи таъқиби дигарандешон, ё ба таъбири маъруф, "кушодани гайкаҳо” метавонад заминаи норозигӣ аз ҳукумати кунунӣ ва ба ин сурат, заминаи пуштибонӣ аз мухолифини ин ҳукуматро боз ҳам коҳиш бидиҳад ва гуруҳҳои оппозитсияро дар вазъи боз мушкилтаре қарор бидиҳад.
Албатта, инки дар Душанбе "гайкакушоӣ” мешавад ё на, бастагӣ ба он дорад, ки дар арши сиёсиаш ҷиноҳи "кабӯтарони сулҳ” пешдаст мешаванд ваё "уқобҳои ҷанг”? Чанд соли охир қартаи бозӣ бештар дар дасти "уқобҳо” буд, ки мавқеи худро асосан тавассути ба ном "фабрикаи ҷавоб” ва гуруҳҳои фаъолони ҷавоне, чун "Авангард” матраҳ ва расонаӣ мекарданд.
Додоҷони Атовуллоҳ низ қаблан аз сафараш ба Душанбе эътироф карда буд, ки дар ҳукумат на ҳама ба барномаи бозгашти ӯву музокирааш бо президент Эмомалӣ Раҳмон мувофиқанд: " Дар Тоҷикистон ва дар ҳукумат низ онҳое низ кам нестанд, ки ҳеҷ гоҳ намехоҳанд ман ба Ватан баргардам. Барои онон ҳамеша "душман" даркор аст, ки барои мубориза бо "душман" маблағ биситонанд ва муҳим будани худро ба намоиш бигузоранд.”
Вале таҳаввулоти ахири минтақа метавонад забони "кабӯтарони сулҳ”-ро дар Душанбе дар баробари "уқобҳои ҷангӣ” дарозтар кунад. Як сиёсатшиноси тоҷик ба шарти набурдани номаш ба "Ахбор” гуфт:ÂÂ "Гап сари он аст, ки ҳукумати Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ асосан бо режими Ислом Каримов қиёс мекарданд ва ин таққос режими ҳоким дар Душанберо нармтару демократитар намоиш медод. Вале раҳбари нави Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев "гайка”-ҳои бозмонда аз даврони Каримовро хеле кушод ва даҳҳо тан аз маҳбусони сиёсиро ҳатто озод кард. Акнун чунин муқоиса баракс Душанберо саркӯбгар ба намоиш мегузорад ва агар нақшаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба писараш интиқол додани қудрат дар интихоботи соли 2020 воқеият дошта бошад, пас оқои Раҳмон табъан намехоҳад, ки бо чунин обрӯи як роҳбари таъқибгар тарки мақом кунад. Яъне тағйири сиёсат дар Душанбе хеле имконпазир аст.”
Аммо ҳатто агар "кабӯтарони сулҳ” дар Душанбе пешдаст шаванд ҳам, гумон аст, ки дар ин "тӯй” барои ҲНИТ ҷое бидиҳанд. Дар ҳукумати кунунии Тоҷикистон дар марҳалаи феълӣ ва ҳадди ақал то анҷоми давраи гузариш касе моил ба гузашт дар масъалаи ҳизби наҳзат нест ва яқинан касе ҳам ба матраҳ кардани чунин масъала ҷуръат намекунад.
Ба ин тартиб, барномаи дар инзивои ҳарчӣ бештар қарор додани ин ташаккул зоҳиран ҳамчунон идома хоҳад ёфт ва дар марҳалаи баъдӣ метавонанд қартаҳои наверо ба бозӣ бидароранд. Суҳроб Зафар, раҳбари "Гуруҳи 24” рӯзи 20 январ дар барномаи "Садои мардум”, вақте қатъи ҳамкории ин гуруҳ бо ҲНИТ-ро эълон мекард, ҳизби наҳзатро ба "киштии вайронаи зарбхӯрдае дар баҳр”монанд кард, ки "агар тармимаш накунед, зери об меравед.”
Сӯҳроб Зафар ҳамзамон ҳушдор дод, ки наҳзатиҳо бояд мувозеҳи он нафаронашон бошанд, ки ахиран ба Тоҷикистон баргаштанд. Манзури Суҳроб Зафар аз ҷумла Саидиброҳими Назар, як узви собиқадори ҲНИТ аст, ки дар поёни моҳи ноябр аз Эрон ба Душанбе баргашт.
Ба гуфтаи нозирони умур, имкон дорад, ки бо ҷалби Саидиброҳими Назар ва дигар аъзои ҲНИТ, ки дар Тоҷикистонанд, як анҷуман доир карда, ин ҳизбро расман барҳам диҳанд. Эҳтимол дорад, ки ҳатто ба ҷои ҲНИТ як ҳизби нави ғайридинӣ ҳам рӯи кор биоранд, ки аз хатти кашидаи давлат берун пой нагузорад. Тақрибан ҳамон коре ки бо ҳизби демократ карданд ва ин ҳизби як замон мухолиф ба як ҳизби гӯшбафармон ё ба ибораи дигар "кисагӣ” табдил ёфт.
Роҳбарони ҲНИТ инро ки ҳизбашон бо вуҷуди ин ҳама сели фишор пош нахӯрд, дастовард мешуморанд ва албатта, мӯътақиданд, ки аз ин "имтиҳони тақдир” ҳам хоҳанд гузашт. Онҳо дар ин маврид аз собиқаи чилсолаи худ, аз ҷумла аз саркӯбҳои даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ва солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ёдовар мешаванд, ки ҲНИТ аз он ҳама ҷони солим ба дар овард.
Аммо вазъияте ки ҳоло ин гуруҳи мухолиф дорад, аз ончӣ ки дар гузашта буд, фарқ мекунад. ҲНИТ ҳеҷ гоҳ ба чунин вусъату домана дар дохили кишвар саркӯб нашуда буд ва ҳеҷ гоҳ дар чунин фосилаи дуре аз Тоҷикистон қарор нагирифта буд. Аз тарафи дигар, натиҷа надодани муборизаҳо метавонад аъзои боқимондаи ҲНИТ-ро ҳам ноумед ва хаста кунад ва боиси боз ҳам коҳиш ёфтани шумори тарафдоронаш ҳатто дар берун аз Тоҷикистон шавад. Бахусус агар мақомоти Душанбе ба ҷои идомаи саркӯб домани афви афроди "роҳгумкарда”-ро сар бидиҳанд ва бо ин, пеши роҳи рехтани нерӯи тоза ба сафи ҲНИТ ва дигар гуруҳҳои мухолифро бубанданд.
Бо чунин ҳол, "ҷанг” байни ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифинаш имсол ҳам идома дорад. "Ҷанг”-е моломоли "забон” оварданҳову асиргирифтанҳо, шабехунҳову ҳамлаҳои ғофилгир ва санг партофтан ба полези якдигар. Бубинем, ки имсол ин рӯёрӯиҳо ба нафъи кадом ҷонибе хоҳад анҷомид ва бандро кӣ ба тарафи худ хоҳад кашид? Мо, мардум, ки фақат тамошобинем...