Матни равон

Рӯзи 31 январ иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Гулистон сафари корӣ анҷом дод.

Зимни сафари корӣ ба шаҳри Гулистон Раҷаббой Аҳмадзода таваҷҷуҳи роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллиро ба масъалаи ободонии даромадгоҳи шаҳр ҷалб намуд. Бо назардошти минтақаи сайёҳӣ ба ҳисоб рафтани шаҳри соҳили Баҳри Тоҷик, дастур дода шуд, ки ободонии ҳудуди он ба таври зарурӣ ба роҳ монда шавад. Мусаллам аст, ки ба шаҳри Гулистон ҳамасола шумораи зиёди сайёҳони дохиливу хориҷӣ ташриф меоранд. Ҷалби боз ҳам бештари дӯстдорони сайру саёҳат бошад, ба намуди зоҳирӣ ва  ободониву сарсабзии он вобастагӣ дорад. Дар ин замина роҳбарияти шаҳр вазифадор гардид, ки  бо шинонидани дарахтони сояафкан дар  ду канори роҳи назоратӣ,  азнавсозии қитъаи даромадгоҳи шаҳр бо истифодаи сангҳои ороишӣ, насби чароғаки роҳнамои рақамӣ ва кабудизоркунӣ ҳусни шаҳрро боз ҳам афзунтар гардонад.

Дар идомаи сафар роҳбари вилоят бо фаъолияти ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” аз наздик шинос шуд. Ин ҷамъияти саҳҳомӣ яке аз калонтарин корхонаҳои истеҳсоли қолин дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, соли 1960 аввалин маҳсулоти худро истеҳсол кардааст. Тӯли солҳои охир бо иқдому дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаи қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои устувор гузошта шуда, аз ҷумла ба корхонаи қолинбофӣ якчанд дастгоҳу технологияҳои муосири бофандагии ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ ворид карда шуд. Қабул гардидани Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020 бошад, боз як иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурӣ баҳри рушди соҳаи қолинбофӣ ба ҳисоб меравад.

Соли 2017 корхонаи мазкур ба миқдори 1778,7 ҳазор м2 маҳсулоти қолинӣ истеҳсол кардааст, ки нисбат ба соли 2016  11,3 фоиз  зиёд мебошад. Тадбирҳои андешидашуда дар самти  беҳтар намудани фурӯши маҳсулоти тайёр имкон дод, ки соли 2017 ҳаҷми фурӯши маҳсулоти тайёр беш аз  2 миллион м2 –ро ташкил намуда, нисбат ба соли 2016  492124 м2 зиёдтар шавад.

Вобаста ба талаботи бозор дар соли 2017 аз тарафи мутахассисони корхона 31 адад нақшу нигор ва дизайни нави қолинҳо таҳия гардид, ки аз ҷониби харидорон хуб пазируфта шуд. Имрӯз роҳбарияти корхона барои зиёд намудани иқтидори истеҳсолӣ ва барқарор сохтани нуфузи пештараи он тадбир меандешад. Бо ин мақсад ҷорӣ намудани хати нави истеҳсолӣ дар корхона ба нақша гирифта шудааст. Хати нав аз давлатҳои дар ин соҳа пешқадами Туркияву Эрон ва Бангладеш оварда шуда, имкон медиҳад, ки воридоти ашёи хом то 50 дарсад коҳиш ёбад. То ин вақт “Қолинҳои Қайроққум” ашёи хом, яъне риштаро асосан аз хориҷи кишвар ворид мекард. Хати нав барои истеҳсоли риштаҳои полипропилении хушсифат пешбинӣ шуда, бо харҷи 34 млн.сомонӣ сохта мешавад. Ворид ва васл намудани дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣбарои истеҳсоли ашёи хом имкон медиҳад, ки ҳамзамон фаъолияти мунтазами корхона таъмин карда шуда, арзиши аслии маҳсулот  то дараҷае коҳиш ёбад. Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Қолинҳои Қайроққум” дар баробари афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ, инчунин барои баланд бардоштани сифати қолинҳо ва рақобатпазир кардани маҳсулот чораандешӣ карда истодааст.   Мувофиқи нақша ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхона дар соли 2018 бояд 2200 ҳазор м2–ро ташкил намояд.

Роҳбари вилоят раёсати корхонаро тавсия дод, ки истеҳсоли қолинҳои табиии пашминро низ ба роҳ монда, ҳамзамон ободонии атрофи ҷамъиятро бо ташкили гулгашту бунёди фаввораҳо амалӣ намояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1041
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3191
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:7944
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23588
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:61497
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7703417

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?