Сатри равон
(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Зимни баррасӣ қарор додани фаъолияти аъзои ҲХДТ дар соли 2017 раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Муслимахон Ҷамолиён оид ба дастовардҳои ташкилотҳои ибтидоӣ, густариши корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ, афзоиши сафи ҳизб, теъдоди ташкилотҳои ибтидоӣ ва дигар корҳои ба анҷом расонидашуда маърўза намуд.

Дар музокира намояндагони ташкилотҳои ибтидоии ҶМТК “Апрелевка” Лауршоҳ Лундишоҳзода, ҶДММ “ШКСТХ” Мирзафар Зарифов, КАТС Гулшан Мадаминова иштирок намуданд.

Раиси Шўрои собиқадорони ҳизб Каромат Қосимова оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои ҳизбиён баромад намуд.

Дар ҷаласа аъзои кумиҷроияи ҳизб нақшаи фаъолияти КИ ҲХДТ-ро барои нимсолаи якуми соли 2018 ва қарорҳои ташкилотҳои ибтидоиро тасдиқ намуданд. Дар фарҷом ба аъзои фаъоли ҳизб туҳфаҳо ва ба 10 нафар аъзои навшомилшуда дар вазъи мутантан билетҳои ҳизбӣ супорида шуданд.

Дар кори маҷлиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ намояндаи КИВ ҲХДТ Маъруф Акбарзода ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи иҷроияи раиси шаҳр Илҳом Мадализода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:779
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1141
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1920
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:13937
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:44561
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:56873
mod_vvisit_counterҲамагӣ:882446

Мо дар Фейсбук

Президенти кишвар