Матни равон

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тибқи нақшаи ҷадвали МИҲД-и вилояти Суғд аз 23-юми январ нишасти матбуотии Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотии Раиси шаҳр намояндагони васоити ахбори омма, аз ҷумла рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ», «Азия-плюс», «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати», «Шуълаи умед», «Замон», «Саломат бошед», «Лочин», «Ризқофарин», маҷаллаҳои «Паёми Суғд», «Ноҳид», шабакаи якуми Радиои Тоҷикистон, телевизионҳои вилояти Суғд, «Азия», радиоҳои «Замон», «Садои Хуросон», «Озодӣ», рўзномаҳои шаҳрии «Соҳил» ва «Гулистони дониш» иштирок намуданд.

 

Дар ибтидо Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода оид бо натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми соли 2017-ум сухан ронд.

Тазаккур дода шуд, ки дар давоми соли 2017 ба соҳаи саноати шаҳри Гулистон 605,4 миллион сомонӣ сармоя ҷалб гардид, ки аз он 578,5 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ ва 26,8 миллион сомониаш сармояи дохилӣ мебошад. Ҳамчунин гардиши савдои хориҷии корхонаҳо дар ин давра 313,9 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, фарқияти содирот аз воридот 2,7 маротиба зиёд гардидааст.

Дар ин радиф, вазни қиёсии корхонаҳои саноатӣ дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 35,7 фоизро ташкил дод.

Дар ин давра аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ бо 23 кишвари ҷаҳон робитаи тиҷоратӣ ба роҳ монда шуда, ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ба кишварҳои хориҷӣ 228,2 миллион доллар ва воридот 85,7 миллион долларро ташкил дод. Аз 26 корхонаи саноатӣ 18-тои он ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро афзоиш дода, 11,6 маротиба зиёд намуданд.

Дар ин давра истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рўи 93 намуди аслӣ ба роҳ монда шуд. Дар маҷмўъ, корхонаҳои саноатӣ ба маблағи беш аз 3,5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нишондиҳанда 114,8 фоизро ташкил дод.

Сипас Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода ба саволҳои намояндагони ВАО посух дод.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1257
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4991
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13670
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:92057
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7631902

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?