02 Апрел 2018
30 март дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагиҳои моҳипарварӣ шинос шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳавзи махсус, ки дар он парвариши моҳиҳои хушзот ба роҳ монда шудааст, беш аз 10 ҳазор адад моҳии навъи "Амури сафед"-ро барои афзоиши ин зоти фоидаовар сар доданд.
Масоҳати кули сунъӣ қариб 5 гектарро ташкил дода, аз руи маълумоти мутахассисони соҳа дар ин ҷо барои нигоҳдории даҳҳо ҳазор моҳиҳои навъи "белий амур", "белий толстолобик" ва моҳии "карп" имконият фароҳам оварда шудааст.
Мувофиқи меъёри ягона барои 100 килограмм моҳӣ дар як шабонарӯз 2 килограм маводи хурока таъмин карда мешавад, ки ин аз руи нишондод 2 фоизро ташкил медиҳад.
Моҳиҳои "белий амур", "белий толстолобик" ва моҳии "карп" ба ҳисоби миёна дар давоми 1 сол аз 600 грамм то 1 килову 200 грамм вазн мегиранд.
Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат дар баробари дигар нақщаву чорабиниҳо ва таҳияи лоиҳаву барномаҳои давлатӣ "Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ" қабул ва дар амал татбиқ карда мешавад.
Маҳз баъди қабули ин барномаи давлатӣ дар ҷумҳурӣ шумораи хоҷагиҳои моҳипарвар афзоиш ёфта, шаҳрвандони мамлакат бо парвариши моҳӣ ва фуруши он даромади хуби иқтисодӣ мегиранд.
Бояд гуфт, ки бо шарофати таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат пешравии соҳа дар дигар минтақаҳо, аз ҷумла дар вилояти Хатлон низ бештар ба назар мерасад, зеро барои фаъолияти беш аз 200 хоҷагии моҳипарвар беш аз 2 ҳазор гектар замин ҷудо гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди сар додани моҳиҳои "белий амур" ва шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагии моҳипарвар мутахассисони соҳаро баҳри боз ҳам рушд бахшидани ин бахши сердаромад ҳидоят намуданд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.