23 Апрел 2018
Мувофиқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар толори меҳмонхонаи «Авесто»-и шаҳри Душанбе вохӯрии Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода бо донишҷӯёни гулистонӣ доир гардид.
Дар ин вохӯрии бошукӯҳ Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, муовини раиси ҲХДТ Раъно Маҳмудзода, муовини раиси кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Нуруллоҳ Оқилзода низ ширкат намуданд.
Раиси шаҳр аз вазъи зисту зиндагӣ ва мушкилоти донишҷӯён пурсон шуда, таъкид кард, ки дар баробари хуб таҳсил намудан, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тунгарову ифротӣ барҳазар бошанд.
Дар идомаи вохӯрӣ аз ҷониби бахши фарҳанги шаҳри Гулистон барномаи марғуби консертӣ намоиш дода шуд. Ҳамчунин, аз ҷониби Раиси шаҳр ба 90 нафар донишҷӯён ба ҳар кадоме сад сомонӣ маблағ дода шуд.