30 Апрел 2018
Дар толори хурди МНДСЭ мулоқоти дастурдиҳӣ бо роҳбарони марказҳои савдо, бозорҳо, намояндагони муассисаҳои хизматрасониву маишӣ баргузор гардид.
Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мудири шуъбаи иқтисод ва савдо Маҳбуба Шодизода, Раиси Ассотсиатсияи соҳибкорони шаҳр Убайдулло Анваров ва директори МНДСЭ Насим Қаробошев баромад карда зикр намуданд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вобаста аз имкониятҳои ҷойдошта ҳамаи чораҳоро андешида истодааст, то ки бозорҳо ва марказҳои савдои шаҳру шаҳракҳо аз маводҳои зарурии хӯрока доимо ба таври кофӣ таъмин бошанд, сифати маҳсулоти воридшаванда, тозагии бозорҳо ва нуқтаҳои савдо бояд ба талабот ҷавобгӯ бошанд ва инчунин нархи маҳсулоти ба фурӯш баромада дастраси сокинони шаҳр бошад.
Таъкид гардид, ки тибқи дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд ва протоколи машварати кории назди Раиси шаҳри Гулистон ҳамаи роҳбарони нуқтаҳои хӯрока ва савдои фаъолияткунанда ҳатман бояд либоси ягонаи муайяншуда, дафтарчаи санитарии фурӯшанда дошта, ба таври қоҷоқ воридшавии маводҳои хӯрока ба бозорӣ дохилие, ки сертификати сифат надоранд қатъиян манъ аст. Ҳамзамон аз тарафи баромадкунандагон ба сатҳи маданияти хизматрасонии бархе аз мағозаву нуқтаҳои савдо эродҳо гирифта шуда, дигар камбудиву норасоиҳои ҷойдошта тазаккур гардид. Барои ислоҳ намудани камбудиҳо муҳлат муқаррар карда шуд.
Дар охир мубодилаи озоди афкори масъулин ва роҳбарони нуқтаҳои савдо ба вуқӯъ пайваст.