06 Май 2018
Ба ифтихори 73-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода бо ҳамроҳии Раҳматулло Файззода сармутахассиси раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидамин Исомаддинзода намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ягона иштирокчиии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Воҳид Самадови 94-соларо дар хонаи собиқадори ҷангу меҳнат аёдат намуданд.
Раҳматулло Файззода сармутахассиси раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқадори ҷангу меҳнатро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрик намуда, ба собиқадор ҳадяпулии Пешвои миллатро дар ҳаҷми чор ҳазор сомонӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят Саидамин Исомиддинзода собиқадорро аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шодбош намуда, туҳфапулии раиси вилоятро дар ҳаҷми якуним ҳазор сомонӣ ва Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода дар навбати худ Воҳид Самадовро бо Рӯзи Ғалаба табрик карда, ба вай ҳадяпулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро дар ҳаҷми як ҳазор сомонӣ супориданд.
Воҳид Самадов 21-уми январи соли 1924 дар деҳаи Хистеварз тавлид ёфтааст. Моҳи октябри соли 1942 ба фронт даъват мешавад, то захм бардоштан дар хатти ҷангии Харков бо душман дар муҳорибаҳои шадид иштирок дошт. Дар моҳи августи соли 1943 ҳангоми ҷӯшу хурӯши амалиёти ҳарбӣ чун ҷавони ояндадор ӯро ба омӯзишгоҳи ҳарбии танкии шаҳри Пятигорский мефиристанд. Дар муддати кӯтоҳ ӯ нозукиҳои касби танкистиро аз худ карда, ба фронти якуми Белоруссия даъват мегардад.
Барои ҷаросату қаҳрамонӣ Воҳид Самадов дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо орденҳои «Ситораи сурх», «Ҷанги Бузурги Ватанӣ дараҷаи аввал», «Шараф» - дараҷаи сеюм, ҳамчунин бо 15 медалҳои гуногуни ҷангиву ҷашнӣ мукофонида шудааст.
Бояд гуфт, ки ҳамчунин шаш нафар заҳматкашони ақибгоҳ ба ифтихорои 73-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба бо ҳадяпулиҳои Раиси вилоят дар ҳаҷми як ҳазору дусад сомонӣ ва Раис шаҳр дар ҳаҷми 800 сомонӣ аз тарафи масъулин дар вазъи идона супорида шуданд.