08 Май 2018
Ҳамшаҳриёни азиз!
Рӯзи 9-уми май ба яке аз Ғалабаҳои бузурги таърихи инсоният бар фашизм маҳсуб ёфта, тамоми мардуми сарбаланди кишвар онро дар қатори дигар сокинони мамолики дунё ботантана қайд мекунанд.
Ҷанги дуюми ҷаҳон дар таърихи башарият, аз ҷумлаи фоҷиаҳои бузургтарини таърихи инсоният буд. Дар натиҷаи ин ҷанги хонумонсӯз ва наҷодпарастона кишварҳои бисёре хароб, бештар аз 50 миллион одам қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумияту азоби тоқатшикан гирифтор гаштанд. Тоҷикистон низ дар ин ҷанг талафоти зиёде дод. Қариб 300 ҳазор нафар фиристодагони тоҷикистонӣ барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми хеш дар набардҳои мубориза шуҷоат ва корнамоиҳои бузург нишон дода, 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои ҷанг ҳалок гаштанд.
Фарзандони халқи тоҷик дар ҳамаи муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ фидокорона иштирок кардаанд. Ҳазорон нафар фиристодагони Тоҷикистон дар ин муҳорибаҳо, аз ҷумла дар озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон доданд. Ба хотири эҳтиром, бузургдошт ва қадрдонии корнамоиҳои ҷангии ҳамватанони мо 64 нафар фиристодагони Тоҷикистон бо унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ва 15 нафари дигар бо се дараҷаи ордени «Шараф» мушарраф гардидаанд. Зиёда, аз 60 ҳазор нафар барои матонату шуҷоат дар набардҳо бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд. Хурсандибахш аст, ки ду нафар фиристодагони шаҳри мо – Эгамбердӣ Хоҷамбердиев ва Нишев Иосиф Илич (ҳарду аз шаҳраки Адрасмон) низ бо се дараҷаи ордени «Шараф» сарфароз гардонида шудаанд.
Нақши Тоҷикистон дар заҳмати шаборӯзии ақибгоҳ низ хеле назаррас буд. Агар дар солҳои ҷанг ақибгоҳи мустаҳкаму тавоно намебуд ва фидокорию қаҳрамониҳои меҳнатии заҳматкашон намешуд, ҳаргиз мо ба ин ғалаба намерасидем. Бо вуҷуди душвориҳои зиёд, дар фурсати кӯтоҳтарин халқи тоҷик дар ақибгоҳ фаъолияти тамоми сохторҳои иқтисодиёти ҷумҳуриро ба таъмини эҳтиёҷоти ҷабҳа равона намуданд.
Сол то сол сафи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо гузашти айёму рӯзгор кам мешавад. Албатта, ин тақозои зиндагии инсон ва ҳукми қонуни табиат аст. Имрӯз якҷоя бо мо аз садҳо нафар иштирокчиёни бевоситаи Ҷанги Бузурги Ватани танҳо як нафар – Самадов Воҳид ва боз 6 нафар заҳматкашони диловари ақибгоҳ дар тантанаи 73-солагии Рӯзи Ғалаба ширкат доранд. Аз ҷумлаи заҳматкашони ақибгоҳ се нафарашон бо медали «Барои меҳнати фидокорона дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ» сарфароз гардонида шудаанд.
Хотираи родмардони шуҷоатманди халқу Ватан, ки баҳри зиндагии орому осуда ва хуррами имрӯзаи мо дар набардҳои хунин ҷангида, дар барқарорсозии харобаҳову вайронаҳои оқибати мудҳиши он ва дар пешрафту нимӯи соҳаҳои хоҷагии халқамон ҷонфидо гардидаанд, абадӣ дар ёди мо нақш бастааст. Дар оянда низ корнамоиҳои падару бобоёни мо ҳамчун намунаи олитарини дарси садоқату матонат ва меҳанпарастӣ барои мо хоҳад буд.
Иди Ғалаба муборак бошад, дӯстони арҷманд!