17 Май 2018
Дар ин мавзўъ дар ҳудуди шаҳр новобаста аз шакли моликият ва тобеият дар беш аз 43 корхонаву ташкилот, шаш ҷамоати шаҳрак, муассисаву идораҳо Рўзи ягонаи ахбори сиёсӣ ба вуқўъ пайваст.
Дар маҳфилҳои сиёсӣ тарғиботчиён аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Муҳиддинҷон Файзуллоев – дотсент, номзади илмҳои таърих, Бароат Маҳкамова – дотсент, номзади илмҳои филологӣ, устодони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, инчунин тарғиботчиёни маҳаллӣ иштирок намуда, дар назди ҷомеаҳои меҳнатӣ доир ба сиёсати давлатии ҷавонон, беҳдошти вазъи таълиму тарбия, тақвияти корҳои тағгиботӣ, соҳиб шудан ба тахассусу касбу ҳунар, ба воя расонидани насли нави худогоҳ, худшиносу соҳибмаърифат ва монанди ин суханронӣ намуданд.
Дар навбати худ иштирокчиёни маҳфилҳои сиёсӣ низ ба сухан баромада, оид ба дастгирии якдилонаашон аз сиёсати давлату Ҳукумат, ҳисси тафохури миллӣ, шукронаи даврони соҳибистиқлолият мубодилаи афкор намуданд.