17 Май 2018
Ба истиқболи 21-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ дар толори МҒД Коллеҷи тиббӣ ва муассисаи таълимии рақами 1 бо иштироки беш аз 300 нафар устодон ва муҳассилини шаҳр маҳфили «Адибони ваҳдатсаро» баргузор гардид.
Маҳфилро мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Илҳом Мадализода ҳусни ифтитоҳ бахшид. Сипас раиси Шўрои кўҳансолони Шўрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Қобилҷон Усмонов, сармуҳаррири ҳафтаномаи вилоятии «Шуълаи умед», нависанда Мирзоаъзам Мақсудов, шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ҷўра Юсуфӣ, шоири ҷавон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Насимбек Қурбонзода ба сухан баромада, роҷеъ ба арзишҳои ваҳдати миллӣ, ҳисси худшиносӣ ва худогоҳӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ, сулҳу субот ҳарф зада, доир ба мавзўъҳои ваҳдату ягонагӣ, дўстиву рафоқат аз ашъори худ порчаҳо қироат намуданд.
Ҳамзамон, аъзои фаъоли Ҳаракат дар шаҳр Абдушукур Ҷўраев аз Коллеҷи тиббӣ, Садоқат Норматова аз МТМУ № 1 ва Рабоат Худойдодова аз Муассисаи таҳсилоти иловагӣ дар маҳфил суханронӣ намуда, роҷеъ ба шукронаи даврони истиқлолият, амну осоиши ҷомеа ва суботи он мубодилаи афкор намуданд.