17 Май 2018
Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон таҳти раёсати Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода машварат бо иштироки муовин, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони зерсохторҳои мақомот, раисони ҷамоати шаҳракҳо, сардорони корхонаву муассисаҳо баргузор гардид.
Дар ибтидо Раиси шаҳр оид ба суханронии пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи Рамазон ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҳарф зад.
Зикр гардид, ки вобаста ба вазъи ноороми сиёсӣ дар кишварҳои ҷангзадаи олам Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки вазъияти ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳон мову шуморо водор мекунад, ки нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон - истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ расем.
Сипас Раиси шаҳр доир ба вазъи хизматрасонии тиббӣ, ташкили бунгоҳҳои тиббӣ, сартарошхонаву кошонаҳои ҳусн, фаъолияти ҳаммомҳо, таъмини оби нўшокӣ, сехҳои дўзандагӣ, таъмири роҳҳои дохилӣ, фаъолияти китобхонаҳо ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ, пурзўр намудани корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ, таҷдиди тоблуҳои тарғиботӣ, вазъи ошхонаҳои муассисаҳои таълимӣ, таъмини либоси ягона дар нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ ва дигар масоили фаъолияти хоҷагидорӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар машварат инчунин тақвияти корҳои хуррамгардонӣ ва ободонии роҳҳо, омодагӣ ба таҷлили Рўзи Ваҳдати миллӣ ва дигар масоил матраҳ гардиданд.