Матни равон

Ҷавонони азиз!

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир намуда, барои ташаккули ҳамаҷонибаи онҳо ҳамаи шароити заруриро фароҳам оварда истодааст. Зеро Тоҷикистон ватани ҷавонон буда, нақш ва мавқеи онҳо имрӯз дар тамоми ҷабҳаҳои давлатдорӣ баръало эҳсос карда мешавад. Барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони соҳибистеъдод стипендияҳои президентӣ ва номӣ, квотаи президентӣ, стипендияи байналмилалии президентии «Дурахшандагон», грантҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, таъмини оилаҳои ҷавон бо манзил ва қитъаи замин муқаррар карда шуда, сол аз сол ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда афзуда истодааст, ки ҳамаи ин иқдомот ҳамчун далели ғамхориҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат арзёбӣ мегарданд.

Имрӯз ҷавонони шаҳри Гулистон, ки беш аз 33 дарсади теъдоди сокинони онро ташкил медиҳанд, бо рӯҳбаландиву ғайрати тоза дар тамоми самтҳои хоҷагии халқи шаҳр софдилона фаъолият бурда, дар ҳамаи чорабиниҳову маъракаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву иҷтимоӣ ва маърифативу варзишӣ саҳми назаррас ва нақши боризи худро гузошта истодаанд. Дар шаҳр тамоми шароиту имконоти зарурӣ баҳри дастгирӣ ва тарбияи ҷавонон муҳайёст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри амалан татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ» ва монанди ин тамоми чорабиниҳои заруриро мушаххас ба нақша гирифта, онро мунтазам ва мураттаб амалӣ мегардонад. Ҳоло ҷавонони гулистонӣ дар донишгоҳҳои олии вилояти Суғд беш аз 500 нафар, дар муассисаҳои олии берун аз кишвар беш аз 50 нафар ва дар донишгоҳҳои олии пойтахти мамлакатамон зиёда аз 80 нафар аз рӯи ихтисосҳаи гуногун таҳсил доранд. Комёбиҳои ҷавонони мо назаррасанд. Ду нафар хонандагони мактабҳои мо ба шарафи гирифтани степендияи Президентӣ ноил гардидаанд. Ҳамзамон 25 нафар хонандагони аълохону фаъол идрорпулии раиси шаҳрро мегиранд.

Ҳамаи Шумо - ҷавонони толеъбаланд ва бономуси Гулистонро, ки ворисони арзандаи миллату давлати соҳибистиқлол ва насли ояндасози Ватани маҳбубамон ҳастед, ба ифтихори Рӯзи ҷавонон самимона муборакбод гуфта, бароятон саломатӣ, бахту иқболи баланд, хонаи обод, осмони соф, азму талошҳои нав ба нав дар ҷодаи созандагиву бунёдкориҳо таманно менамоям.

Рӯзи ҷавонон муборак, дӯстони гиромӣ!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1171
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:14686
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15857
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16310
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:52308
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8261820

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?