Матни равон

2 июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара намоиши маҳсулоти соҳаи кишоварзиро тамошо карда, бо фаъолону кишоварзони вилояти Хатлон машварат доир карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои фаровони кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки дар намоишгоҳ ба маъраз гузошта шуда буд, шинос шуданд.

Меҳнаткашони шаҳру ноҳияҳои калонтарин минтақаи аграрии мамлакат вилояти Хатлон асосан ҳосили меваҳои хуштамъу сабзавоти гуногун, зироатҳои ғалладонагӣ, техникӣ, гиёҳҳои шифобахш ва дигар маҳсулоти кишоварзиро ба маъраз гузоштанд, ки аз фаровонии ҳосили неъматҳои моддӣ дарак медод.

Дар рафҳои намоишгоҳ намунаи беҳтарини сабзавот аз қабили пиёз, сирпиёз, картошка, сабзӣ, қаланфур, қаланфури булғорӣ, помидор, бодиринг, карам, лаблабу ва ҷуворимакка, мевагиҳо — шафтолу, себ, олу, олуча, бодом, гелос, қулфинай, лиму, полезӣ-харбузаву тарбуз, зироатҳо — лубиё, нахуд, наск, зағер, мош, маъсар, кунҷит, шолӣ, гандум, тухмии зироатҳои пунбадона, ғалладона, ҷав, ҷуворимакка ва меваҳои хушк, аз ҷумла зардолу, себ, чормағзи зеризаминӣ, писта, чормағз, олучаи куҳӣ, хуч, дулона, ноки хушк гузошта шуда буд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо дастовардҳои меҳнатӣ ба меҳнаткашони вилоят барои боз ҳам самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла ба роҳ мондани кишти такрории зироатҳо, истеҳсол ва содироти маҳсулоти фаровони кишоварзӣ, ба таври кофӣ захира кардани хуроки чорво барои аз зимистон солим баровардани чорво ва андешидани дигар тадбирҳои муҳим дастуру ҳидоятҳо доданд.

Баъди шиносоӣ бо комёбиҳои соҳаи кишоварзии меҳнаткашони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара дар як мавзеъи хушбоду ҳаво Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва кормандони соҳаи кишоварзӣ машварати корӣ доир карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақсади ҷамъомади имрӯзаро таҳлилу баррасии ҳолати имрӯзаи соҳаи кишоварзӣ ва омодагӣ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 маънидод карданд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат ҳифзи амнияти озуқавории кишварро дар қатори ҳадафҳои афзалиятноку стратегии худ қарор дода, барои татбиқи самарабахши он мунтазам талош дорад ва ҳамаи захираву имкониятҳоро ба ин самт сафарбар намудааст.

Сарвари давлат аз тағйирёбии иқлими сайёра, таҳдиду таъсири хушксолӣ ва дигар офатҳои вобаста ба гармшавии иқлим ба минтақаву кишварҳои мухталифи ҷаҳон ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки бо вуҷуди мушкилоти мавҷуда бо азму талоши мардуми кишвар, аз ҷумла заҳматкашони вилояти Хатлон дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ бомаром таъмин гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки бо вуҷуди ин пешравиҳо мардуми кишвар бояд минбаъд низ бо мақсади таҳкими ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ҷиҳати ба таври васеъ ба роҳ мондани истифодаи самараноку оқилонаи замин, вусъат бахшидани кишти такрорӣ ва аз заминҳои обӣ дар як сол рӯёнидани ду-се ҳосил талош варзанд ва аз имкониятҳои истифоданагардида васеъ баҳра баранд.

Пешвои миллат барои расидан ба ин ҳадафҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурӣ, вазоратҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар баҳри васеъ кардани майдони кишти зироатҳои барвақтиву такрорӣ, беҳтар намудани сифати тухмиҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти парандаву моҳӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, риояи агротехникаи парвариши зироат ва беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо дар сатҳи зарурӣ дастур доданд.

Бо истифода аз фурсати муносиб ва бо ҳузури шумораи зиёди кормандони касбу кори гуногун Сарвари давлат таваҷҷуҳи онҳоро барои вусъат додани корҳои ободонӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, аз ҷумла барои дар давоми се соли оянда дар ҳар як деҳа, шаҳраку деҳот ва дигар маҳалҳои аҳолинишин дар тамоми қаламрави кишвар, аз ҷумла вилояти Хатлон бунёду азнавсозии муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ бо  таваллудхона барои 10-15 кат ва ҳуҷраи алоҳида барои хатна, ҳаммом, кошонаи ҳусн, инфрасохтори хурди хизматрасониву сайёҳӣ, майдончаҳои варзишӣ, гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру гашти оммавӣ, инчунин, корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, коргоҳҳои хурди дӯзандагӣ, таъмири роҳи байни деҳаҳо ва дохили деҳот, бунёди боғҳои нав ва шинонидани ниҳолҳо дар шафати роҳҳои мошингард, ҷалб карда, супоришҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Таъкид гардид, ки бо ҳамин роҳ мо бисёр масъалаву мушкилоти ҳаёти иҷтимоии мардумро ҳал мекунем ва метавонем шароити зисту зиндагии аҳолиро хеле беҳтар кунем.

Супоришҳои дигар барои аз ҳоло ба фасли зимистон ҳамаҷониба омода кардани тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолӣ, аз ҷумла соҳаҳои иҷтимоӣ ва махсусан муассисаҳои маорифу тандурустӣ, иншооти энергетикӣ, захираи сӯзишворӣ, аз ҷумла ангишт, мазут ва гази моеъ, дода шуд.

Дар охир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Хатлон, масъулону мутахассисон, кулли мардуми сарбаланду заҳматқарини вилояти Хатлон минбаъд низ ҷиҳати ба даст овардани ҳосили фаровон, ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва фаровонии дастурхони сокинони мамлакат саҳми арзандаи хешро дареғ намедоранд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва хоҷагидорону соҳибкорони пешқадами вилоят Одил Розиқов аз ноҳияи Ҷайҳун, Махфират Саидраҳмонова аз ноҳияи Шаҳритус, Олтибой Ҳақназаров аз ноҳияи Дӯстӣ, Тоҳир Исмонов аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Назрулло Абдуллоев аз ноҳияи Хуросон оид ба вазъи корҳои саҳроӣ ҳисобот дода, ҷонибдории хешро аз талошҳову ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат иброз доштанд.

Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни ҳисоботи худ оид ба натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар панҷ моҳи соли равон гузориш дода, аз номи мардуми меҳнатқарини Хатлон ба Сарвари давлат барои таъмини зиндагии шоиста ибрози сипос кард.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1400
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:14686
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16086
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16310
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:52537
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8262049

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?