09 Июн 2018
Моҳи мубораки Рамазон баъди чанд рӯзи дигар ба поён мерасаду иди Фитр, яъне иди қабули ибодатҳо, шабзиндадориҳо ва хайру саховат фаро мерасад.
Дар партави суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон имрӯзҳо дар ҳудуди шаҳри Гулистон ба ифтихори Иди саиди Фитр корҳои хайру эҳсон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳолкимияти давлатии шаҳр аз ҷониби ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву муассисаҳо, ташкилоту идораҳо ва бевосита ашхоси саховатманд тавсеа дорад.
Чуноне ки Пешвои миллат таъкид намуданд: “Садақаи фитр, ки яке аз рукнҳои муҳими моҳи шарифи Рамазон аст, тибқи манбаъҳои муътабари исломӣ аз василаҳои муҳимми дастгирии шахсони ниёзманд мебошад”.
Дирӯз дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода бо намояндаи корхонаи ҶДММ “Роҳи Сомон” қариб ба 200 нафар ятимону шахсони бепарастор, кӯдакони имконияташон маҳдуд, оилаҳои ниёзманд кӯмаки молиявӣ расонида, ба як нафар кӯдаки имконияташ маҳдуд аробачаи маъюбӣ супориданд.
Амалҳои хайру эҳсонкорӣ дар маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо идома доранд.