14 Июн 2018
Тибқи дастур ва ҳидоятҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супориши Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар доираи таҷлили иди саиди Фитр корҳои зиёди эҳсонкорӣ ва саховатмандиро тибқи нақшаи алоҳида бо сафарбаркунии корхонаву муассиса, ташкилоту идораҳо, соҳибкорон ва ашхоси саховатпеша ба анҷом мерасонад.
Дар арафаи иди Рамазон бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ва сардори Раёсат кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода ба 138 нафар табақаи ниёзманди маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо ёрии яквақтаи моддӣ аз номи Раиси вилояти Суғд супорида шуд.
Ҳамзамон ба ду нафар ашхоси имконияташон маҳдуд аробаи нави маъюбӣ туҳфа карда шуд.
Дар баробари ин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Воҳид Самадов, собиқадорони меҳнат ва ашхоси танҳо Светлана Тюленова, Шоҳида Очилова дар манзили истиқоматиашон аёдат гардида, ба онҳо аз номи Пешвои миллат дастовези идона тақдим карда шуданд.
Бояд зикр намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо корхонаву муассиса, ташкилоту идораҳо, соҳибкорон ва ашхоси саховатпеша дар арафаи иди Фитр барои беш аз 800 нафар қишри ниёзманди аҳолӣ кумакҳои молиявӣ ва моддӣ расонида шуд.