24 Июн 2018
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлил аз ҷашни бузурги давлатӣ — 21-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ дар маркази ноҳия бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти Қасри фарҳанг расман оғоз бахшиданд.
Бинои Қасри фарҳанг аз ду ошёна иборат буда, дорои 600 ҷойи нишаст мебошад.
Зимни шиносоӣ бо шароити ин бинои тозабунёд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, аҳли санъату ҳунари ноҳияро ба фаъолияти пурсамар ҳидоят намуданд. Тавре иттилоъ дода шуд, сохтмони иншооти бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳристон моҳи августи соли 2017 дар собиқ заминҳои Ҷамоати деҳоти Шаҳристон ва Кумитаи идораи замини ноҳия аз ҳисоби маблағҳои буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оғоз гардида буд.
Харҷномаи лоиҳавии иншооти мазкур зиёда аз 16 миллион сомониро ташкил дода, фармоишгар Идораи сохтмони асосии вилоят ва пудратчии он Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди «Раёсати сохтмони барқарор»-и шаҳри Хуҷанд ва лоиҳакаши иншоот Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди «Суғдлоиҳакаш» мебошанд. Ба иттилои масъулин, дар ин Қасри фарҳанг беш аз 40 нафар аз ҳисоби мутахассисони соҳа ва санъаткорони ҷавон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Баъд аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар толору ҳуҷраҳои Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳристон роҳбари давлат суханронӣ намуда, аҳли ҳунару санъати ноҳияро бо ҷашни Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфт. Зимни суханронӣ Пешвои миллат ба сокинону фарҳангиёни ноҳияи Шаҳристон дар кору фаъолияташон барору комёбиҳо таманно намуданд.
Сипас, аз ҷониби аҳли ҳунар барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ пешниҳод карда карда шуд. Санъаткорону ҳаваскорони ноҳия дар баромади худ васфи Тоҷикистону истиқлолият, ваҳдату ягонагӣ ва дигар арзишҳои миллиро карданд.
Дар интиҳои барномаи фарҳангӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фарҳангиёни ноҳияи Шаҳристон 20 адад асбобҳои мусиқӣ тақдим гардид.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.