23 Июл 2018
Дар толори Кохи «Истиқлол» бо иштироки кормандони муассисаҳои фарҳанги шаҳр ҷаласаи ҳисоботии бахши фарҳанг роҷеъ ба фаъолият дар давоми нимсолаи якуми соли равон баргузор гардид.
Директори клубҳои системаи марказонидашудаи бахши фарҳанг Ҳабиба Қузиева доир ба фаъолияти бахши фарҳанг дар нимсолаи якуми соли 2018 маърӯза намуд. Зикр гардид, ки дар давоми нимсолаи аввали соли равон дар шаҳр 27 муассисаҳои фарҳангӣ ба мардум хизмат расониданд. Аз ин 10 китобхонаи оммавӣ, Кохи фарҳангии Истиқлол, 7 муассисаи клубӣ, 4 мактаби мусиқии бачагона, мактаби рассомӣ, осорхонаи шаҳрӣ мебошад. Дар назди бахши фарҳанг ансамбли “Фалак”, фаъолият дорад. Инчунин 3 боғи фарҳангиву фароғатӣ ба аҳолии шаҳр хизмат мерасонад.
Дар музокира директори осорхонаи шаҳр Наргис Раҳматҷонова, муовини директори китобхонаи шаҳрӣ Зайнура Ҷӯраева, директори хонаи фарҳанги “Дӯстӣ”-и Адрасмон Шералӣ Тиркашев, директори мактаби мусиқии Консой Мукаррама Одинаева, директори мактаби санъати бачагонаи Чоруқдаррон Мадина Музаффарова, директори хонаи маданияти “Кӯҳкан”-и шаҳраки Чоруқдаррон Шарофат Гулмуродова баромад намуда, доир ба фаъолияти муассисаҳои хеш иттилоъ доданд. Мудири бахши фарҳанги шаҳр Фатҳулло Абдуллозода доир ба густариши фаъолият ва ҷоннок намудани кори муассисаҳои фарҳангӣ ба масъулин дастурҳо дод.
Дар ҷаласаи ҳисоботӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Илҳом Мадализода иштирок ва суханронӣ намуд.