23 Июл 2018
Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон таҳти раёсати роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Лолахон Раҳмонзода ҷаласаи ситоди шаҳрӣ оид ба ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ – 30 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Муҳаммадӣ Давлатов, Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода, аъзои ситоди шаҳрӣ, муовини Раис ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳои давлатӣ, корхона, муассисаву ташкилотҳои шаҳрӣ, ва фаъолони вилоят ширкат варзиданд.
Масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лола Раҳмонзода зимни суханронии хеш аз ҳадафу моҳияти Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷлили ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҷеъ ба корҳои созандагиву ободонии дар шаҳр ба субут расида ва нақшаи чорабиниҳои минбаъда ҳарф зад.
Дар ҷаласа Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода бобати омодагӣ ва ҷараёни корҳои созандагиву ободонӣ бахшида ба ин ҷашни бузурги давлатӣ дар ҳудуди шаҳр иттилоъ дода, аз ҷумла таъкид намуд, ки дар ин бобат қарори дахлдори Раиси шаҳр ба тасвиб расида, дар шаҳр таҳти шиори «1300 – рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабиниҳо ва тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ мегарданд. Ҳамзамон, нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ бахшида ба истиқболи ин ҷашни бузург таҳия гардида, тибқи он бунёду азнавсозии беш аз 102 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсолӣ дар назар дошта шудааст.
Матлубахон Амонзода тазаккур дошт, ки дар маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо низ нақшаҳои корӣ тасдиқ гардида, аллакай ду моҳ аст, ки корҳо оғоз шуда, дар ҳамоҳангӣ бо ашхоси масъул дар баробари корҳои созандагиву ободонӣ чорабиниҳои мухталиф, ки бо мақсади тарғибу ташвиқи дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва худшиносии аҳли ҷомеа мебошад, баргузор шуда истодаанд.
Роҳбари гурӯҳи корӣ Лолахон Раҳмонзода ҷиҳати ҷараёни корҳои омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ ва таърихӣ дар шаҳр дастур дод, ки корбарӣ дар ин самт минбаъд густариш ва тавсеа дода шавад.