31 Июл 2018
Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 ва нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 20-уми июли соли равон нишасти матбуотии Раиси шаҳри Гулистон Сатториён Матлубахон Амонзода доир ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми нимсолаи якуми соли 2018 баргузор гардид.
Дар нишасти матбуоти намояндагони беш аз 27 васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ, вилоят ва шаҳр ширкат варзиданд.
Дар ибтидо Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода доир ба фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми нимсолаи якуми соли равон иттилоот дод. Қайд гардид, ки корхонаҳои саноатӣ дар нимсола ба маблағи беш аз 1,8 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 33,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 36,5%-ро ташкил дод. Дар корхонаҳои саноатӣ истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 93 намуди аслӣ ба роҳ монда шуд. Ба иқтисодиёти шаҳр 254 млн. сомонӣ инвеститсияҳо ҷалб гардид, ки аз он 211,7 млн. сомонӣ инвеститсияҳои хориҷӣ ва 42,3 млн. сомонӣ инвеститсияҳои дохилиро ташкил медиҳад. Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар ин давра ба аҳолӣ 34,7 млн. сомонӣ (104,4%) буда, нисбати соли гузашта ба маблағи қариб 3 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Музди маоши миёна дар шаҳр 1776 сомониро ташкил дод. Барномаи дурнамо 122,6 фоиз таъмин гардид.
Сипас ба саволҳои нашрияҳои “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Халқ овози”, “Ҳақиқати Суғд”, Омӯзгор”, “Тоҷикистон”, “Азия-плюс”, “Кайҳон”, Шуълаи умед”, “Замон”, телевизиони вилояти Суғд, телевизионҳои “Танин”, “Диёр” ва радиои “Замон” доир ба нақшаи омодагиҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, амнияти сайёҳон, вазъи ҷинояткорӣ, танзими расму оинҳо, фаъолияти хоҷагии моҳипарварӣ, вазъи муассисаҳои таълимӣ, кор бо муроҷиати шаҳрвандон, маданияти шахрдорӣ, иштироки корхонаҳои муштарак дар ободонӣ ва бунёдкорӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, рушди сайёҳӣ, вазъи саноати шаҳр, таъминот бо об, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷудошавии оилаҳо ва монанди ин посухҳои қонеъкунанда дода шуд.
Дар нишасти матбуотии Раиси шаҳри Гулистон намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вилояти Суғд Муқимӣ Давлатзода иштирок намуд.