Матни равон

11 август дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Академияи дипломатии Озарбойҷон бо ҳайати устодон ва донишҷӯён мулоқот карданд.

Академияи дипломатии Озарбойҷон соли 2006 таъсис ёфта, ҳамчун муассисаи олии таълимӣ мутахассисонро дар соҳаи дипломатия, равобити ҷамъиятиву байналхалқӣ, соҳибкорӣ, илмҳои гуманитарӣ ва технологияҳои иттилоотӣ омода мекунад.

Ҳайати омӯзгоронро дар факултаҳои донишгоҳ олимон ва шахсони кордида аз Озарбойҷон ва коллеҷу донишгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳон ташкил медиҳанд.

Ҷамъомадро бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сухани муқаддимавӣ Ректори Академияи дипломатии Озарбойҷон Хафиз Пашаев ифтитоҳ карда, дар вазъияти тантанавӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми назаррас, талошҳову ташаббусҳо дар таъмини сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон, таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон ва рушди робитаҳои илмии муассисаҳои олии таълимии ду кишвар Унвони Олии «Доктори фахрӣ»- и Академияи дипломатии Озарбойҷонро тақдим намуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди устодону донишҷӯён суханронӣ карда, барои пазироии самимӣ ва аз ҷониби Шӯрои илмии Академия бо унвони олии «Доктори фахрӣ» қардшиносӣ гардидан, изҳори сипос намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳми ин муассисаи олии таълимӣ дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси замони муосир баҳои баланд доданд.

Зимни суханронӣ дар назди устодону донишҷӯён Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таърихи ба даст овардани истиқлолият, сар задани ҷанги таҳмилӣ дар рӯзҳои нахустини эълон гардидани соҳибистиқлолӣ, оқибатҳои фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ, хисороти ҷонию молӣ, гурезагони иҷборӣ, талошҳои роҳбарияти давлату ҳукумат барои таъмини сулҳу субот, ҷонибдории шаҳрвандон аз сиёсати ояндасози Сарвари давлат, барқарор кардани сохти конститутсионӣ, таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон, рушду тараққиёти бахшҳои гуногуни кишвар, болоравии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ, афзоиши нуфузи Тоҷикистон дар арсаи олам, робитаҳои дуҷониба бо кишварҳои хориҷ, бахусус бо Ҷумҳурии Озарбойҷон, бо таҳлилҳои амиқ андешаронӣ карданд.

Таъкид гардид, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо монеаҳои зиёд боиси қафоравии иқтисодиёти кишвар ва фалаҷ гардидани шоҳаҳои давлатдорӣ шуд. Ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ хисороти зиёд ба бор овард.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тамаддунофари тоҷикро қаҳрамони сулҳу ваҳдат хонда, таъкид доштанд, ки маҳз ҷонибдории шаҳрвандон аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумат буд, ки мардум ба рӯзи пур аз саодат расиданд. Дар як муддати хеле кутоҳи таърих оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш гардида, миллионҳо нафар гурезаҳо ба Ватан баргаштанд. Сохти конститутсионӣ барқарор ва шохаҳои давлатдорӣ мустаҳкам карда шуд.

Барои расидан ба ҳадафҳои созанда Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихоби Сарвари давлат нақши муҳим гузошт.

Зикр карда шуд, ки мардуми тоҷик таҳти сарварии роҳбари интихобкардаашон баъди бартараф кардани оқибатҳои ҷанги бемаънӣ барои рушду пешрафти иқтисодиёти кишвар камар баста, ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва дунявиро бунёд намуданд.

Ҳукумати кишвар барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳои ояндадори асосиро қабул карда, дар ҳама соҳаҳо ислоҳот ворид намуд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ баъди ба низом даровардани сохти давлатдорӣ бо кишварҳои олам муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардида, Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи сайёра шуд.

Акнун Тоҷикистон на танҳо барои пешрафти худ, балки барои ҳалли мушкилоти глобалии ҷаҳон, таъмини амну субот, пешгирию аз байн бурдани таҳдиду хатарҳо ташаббус нишон медиҳад. Пешниҳоди таклифҳои асосноку ҳалкунанда боиси нуфузи Тоҷикистон ва мардуми он дар арсаи олам гардид.

Пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонии роҳбарияти олии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ, норасоии ои нушокӣ, таъмини сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон, бахусус ҳалли вазъи мураккаби сиёсию низомии ҳамсоякишвари Афғонистон, пешгирии таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, аз тарафи ташкилоту созмонҳои олам, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, ҷонибдории амиқ пайдо кард.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сиёсати хориҷии Ҳукумати кишвар андешаронӣ карда, натиҷаҳои мулоқоту музокироти зимни ин сафари расмӣ ба даст омадаро омили муҳими таҳкиму тавсеи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон маънидод карданд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба устодони Академияи дипломатии Озарбойҷон дар роҳи тайёр кардани мутахассисон барор ва ба донишҷӯён комёбиҳои беназир орзу карданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3776
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:14686
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3776
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:54913
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8264425

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?