27 Август 2018
Дар толори Шабакаҳои барқи Суғд бо иштироки кормандони ҷомеаи меҳнатӣ Нерӯгоҳи барқи обӣ ва Шабакаҳои барқ мулоқоти судманд доир ба пешгирии падидаҳои номатлуби терроризм ва экстремизм доир гардид.
Мулоқотро мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Илҳом Мадализода ифтитоҳ намуд. Сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Гулистон Хаёл Ҳакимов баромад намуда, роҷеъ ба падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир, ифтротгароӣ ва терроризми динӣ-мазҳабӣ, моҳияти эктремистии ҲЭТ ҲНИ, моҳияти иртиҷоии ҳаракатҳои радикалӣ, пешгирии шомилшавӣ ба онҳо ва монанди ин сухан ронд. Дар ҷаласа собиқадори мақомоти амнияти давлатӣ Абдуҷамол Ҷӯраев дар бораи ҷиноятҳои иттилоотӣ маълумот дод.
Ҳамчунон, зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки ҳар як фарди ҷомеа бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ба сулҳу суботи комил ва амнияти кишвар шукр намуда, ба корҳои созандагӣ шуғл варзида, оромиву суботи кишварро тақвият дода, барои расидан ба зиндагии арзанда талош намояд. Чунин мулоқоту вохӯриҳо бо маорифчиён, саноатчиён ва табибон тибқи нақша баргузор гардиданд.