05 Сентябр 2018
Рӯзи 05.09.2018 дар шабакаи интернет навори видеоии Аёмиддин Сатторов, ки яке аз муассисони ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад, ба Созмони ҳамкорӣ ва амният дар Аврупо нашр шудааст.
Дар муроҷиатномааш А.Сатторов аз ҷиноятҳо ва амалҳои террористии ҲНИ ёдовар шуда, САҲА-ро дар пешниҳод кардани минбар ба террористон гунаҳкор менамояд.
Тибқи иттилооти дастрасшуда, САҲА рӯзҳои 10 то 21-уми сентябри соли ҷорӣ дар Лаҳистон ҷаласаи навбатии худро доир мекунад.
Дар назар аст, ки дар ин ҷаласа мухолифини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон ва бархе аз ташкилотҳову созмонҳои байналмиллалӣ иштирок намоянд.
Наворро ин ҷо тамошо кунед:
https://www.youtube.com/watch?v=eiDwYuFvD-g - бо забони форсӣ
https://www.youtube.com/watch?v=dkhI1cuzydE - бо забони узбекӣ
https://www.youtube.com/watch?v=vBGGCm7sYOU - бо забони русӣ
https://www.youtube.com/watch?v=OyfnwhszXJ0 - бо забони арабӣ
https://www.youtube.com/watch?v=556ZIVQVWZc - бо забони англисӣ
https://www.youtube.com/watch?v=E4SZfdmYBgg - бо забони тоҷикӣ