11 Сентябр 2018
Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии мардум, ифтитоҳи як зумра иншооти нав ва мулоқот бо сокинон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.
Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ванҷ оғоз гардид. Сокинони саодатманди ноҳияи Ванҷ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд.
Фазои шукӯҳу шодӣ, фараҳмандӣ ва истиқболи гарм аз садоқат ва меҳру муҳаббати самимии мардуми ноҳияи Ванҷ нисбат ба Пешвои муаззами худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медод.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ бинои наву замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 дар маркази ноҳияи Ванҷ барои 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дорои муосиртарин шароити таълиму тарбия барои насли наврас мебошад. Иншооти мазкур аз се бинои ду ва сеошёна иборат мебошад.
Бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4-и ноҳияи Ванҷ дорои 28 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла, физикаю химия, технологияи компютерӣ, лингафонӣ барои забонҳои русию англисӣ ва озмоишгоҳи фанҳои физикаю химия буда, бо тамоми ашёи хониш ва аёнияти таълимӣ таъмин аст.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4-и ноҳияи Ванҷ соли 2016 бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари маорифпарвари мамлакат дар масоҳати 4254 метри мураббаъ оғоз гардида, иншоот як сол қабл аз муҳлат бо сифати баланди меъморӣ ва муҷаҳҳаз бо тамоми лавозимоти зарурии хониш мавриди истифода қарор дода шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз синфхонаҳои таълимӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд ва таваҷҷуҳи омӯзгоронро ба истифодаи мақсаднок аз шароити муҳайёгардида барои таълими босифати насли наврас ва ҷалби бештари онҳо ба забономӯзию аз худ намудани нозукиҳои технологияи муосир ҷалб намуданд.
Тамоми синфхонаҳои муассисаи таълимии мазкур бо системаи махсуси замонавӣ гарм карда мешаванд ва дар назди муассисаи таълимӣ барои ҳолатҳои зарурӣ анбори махсуси нигаҳдории ангишт ҳам сохта шудааст.
Толори маҷлисгоҳи ин муассисаи таълимӣ дорои 220 ҷойи нишаст буда, барои баргузории ҳамоишу чорабиниҳои гуногун хеле мувофиқу муносиб мебошад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити маҷлисгоҳи муассисаи таълимии мазкур ҷиҳати ҷалби хонандагон ба маҳфилҳои гуногун ва ташкили ҳар гуна чорабиниҳои судманд дар самти боло бурдани савияи дониши насли наврас ба омӯзгорон дастуру ҳидоятҳои муфид доданд. Дар муассисаи таълимии мазкур вобаста ба талаботи давру замон китобхонаи электронӣ низ муҳайё карда шудааст.
Мактаб дорои толори варзишӣ бо 85 ҷойи нишаст мебошад. Дар толори кушоду барҳавои варзишии муассисаи таълимӣ барои хонандагон шароити хуби баргузории бозиҳои гуногун муҳайё карда шудааст. Дар ин ҷо майдончаҳо барои бозии футбол, волейбол ва баскетбол низ сохта шудаанд.
Атрофи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4-и ноҳияи Ванҷ дар масоҳати 1200 метри мураббаъ сабзазор карда шуда, барои равшаннамоӣ 6 адад сутунпоя бо баландии 3,5 метр ва 6 адад бо баландии 9 метр насб гардидаанд. Иншоот бо камераҳои назоратии дохилию беруна ва системаи аз сӯхтор огаҳкунанда таъмин мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо хонандагону омӯзгорон ифтитоҳи бинои нави таълимии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 дар маркази ноҳияи Ванҷро дар рӯзҳои таҷлил аз 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо табрик намуданд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.