13 Сентябр 2018
12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ санги асос гузоштанд.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди иншооти “Бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ” иттилоъ дода шуд, ки он дар масоҳати 1.0 гектар дар маркази вилоят сохта шуда, аз 7 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.
Дар ошёнаҳои аз 1 то 7-уми бино ҳуҷраҳои кории роҳбарият, раёсатҳои мақомоти шаҳр, роҳбарони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр, идораву ташкилотҳои давлатии шаҳрӣ, толори калони маҷлис бо 400 ҷой, ошхона бо 140 ҷой ва ғайра ҷойгир карда мешаванд.
Дар маҷмӯъ, иншооти муосир дорои 150 ҳуҷра бо 300 ҷойи корӣ мегардад.
Дар таҳхона утоқҳои техникӣ ва анборҳо ба назар гирифта шудаанд.
Дар ҳудуди бинои мақомоти шаҳр ба ғайр аз иншооти асосӣ боз дегхона бо анбор барои захираи ангишт, зеристгоҳи трансформаторӣ, таваққуфгоҳ барои 20 ҷойи мошин ва дигар биноҳои зарурӣ сохта мешаванд.
Барои боз ҳам зебо гардонидани атрофи иншоот дар саҳни бино бунёди фаввораҳо ва гулгашту хиёбон ба нақша гирифта шудааст.
Баъди шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди иншоот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмончиёнро ба иҷрои босифату саривақтии корҳо ҳидоят карданд.
Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси Сарвари давлат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ марказҳои маъмурии ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар бо бунёди иншооти наву муосир симои тоза касб менамоянд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.