Матни равон

Дар доираи омодагиҳо ва нақшаи чорабинӣ ба истиқболи арзандаи ҷашни бузурги умумимиллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Гулистон 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд.

Рўзи 6-уми сентябри соли 2018 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба 50 нафар пешоҳангони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр Ифтихорнома ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва туҳфаҳо дар вазъи тантанавӣ супорида шуданд. Ҳамзамон, аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду нафар собиқадорони меҳнат Санавбар Нуриллоева ва Қурбоной Раҷабова барои хизматҳои арзанда ва тўлониашон аёдат карда шуда, ба онҳо кумакҳои молиявӣ ва моддӣ супорида шуданд. Ҳамзамон, ба ифтихори 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беш аз 200 нафар қишри ниёзманди аҳолӣ кумакҳои моддии яквақта дода шуданд.

Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр чорабиниҳои умумишаҳрӣ дар шаҳраки кўҳканони Адрасмон санаи 7-уми сентябри соли 2018 бо иштироки намояндагони ҷамоати шаҳракҳо ва сокинони шаҳраки Адрасмон ба вуқўъ пайваст.

Дар ин рўз аз вазъи беморхонаи шаҳрак ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7, ки пурра аз таъмири капиталӣ бароварда шудаанд, боздид ба амал оварда шуданд. Дар беморхона тамоми шароитҳо барои табобати мизоҷон, таъмини доруворӣ дуруст ба роҳ монда шуда, ҳамзамон утоқи хатнаи муҷаҳҳаз мавриди истифодабарӣ қарор дорад. Муассиса бо мутахассисони соҳибтахассус таъмин буда, ҳолати санитарии утоқҳо ба талабот ҷавобгў мебошанд.

Дар муассисаи таълимии № 7 аз синфхонаҳо фанҳои дақиқ боздид ба амал оварда шуд. Дар муассисаи мазкур 506 нафар хонандагон таҳсил намуда, дар соли нави хониш 68 нафар ба синфи 1-ум қабулкарда шудааст. Кабинетҳои фанҳои химия, физика ва биология бо таҷҳизот ва аёният муҷаҳҳаз буда, хонандагон дар раванди таълим аз таҷҳизоти лабораторӣ пурра бархурдоранд. Дар муассиса ду кабинети асосҳои информатика фаъолият дошта, 21 компютерҳои замонавӣ ва 6 принтер мавҷуд мебошад. Таъмири таълимгоҳ ба сифати ҷавобгў ба талабот ба иҷро расонида шудааст.

Худи ҳамин рўз дар шаҳрак сехи нави дўзандагӣ бо 10 ҷойи корӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Дар тўйхонаи “Муслим”-и шаҳрак аёдат ва вохўрӣ бо беш аз 60 нафар собиқадорон, муҳофизони сохти конститутсионӣ, чернобилчиён, ҷанговарони интернатсионалист ва қишри ниёзманди аҳолӣ баргузор гардид. Ба онҳо кумакҳои яквақтинаи моддӣ ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуданд.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо сипас маросими ифтитоҳи фаъолияти Хонаи маданияти “Дўстӣ”-и шаҳраки Адрасмон ба вуқўъ пайваст. Пас аз таъмиру тармими пурра хонаи маданият бо 220 ҷойи нишаст, китобхона, утоқҳои ҳунарҳои мардумӣ мавриди истифодабарӣ қарор гирифта, дар он тантанаҳои идона бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар қисми расмии он намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурўҳи корӣ оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лолахон Раҳмонзода аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суѓд, директори Маркази “Тоҷикстандарт” Муҳаммадӣ Давлатов аз номи Раиси вилояти Суѓд ва Раиси шаҳри Гулистон сокинони шаҳрро бо 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуданд. Дар қисми дуввуми чорабинӣ санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи марѓуби консертиро манзури тамошобинон намуданд.

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба 27-умин солгарди Рўзи Истиқлолияти давлатӣ дар ҷамоати шаҳракҳои Чоруқдаррон, Консой, Сирдарё, Зарнисор, Навгарзан аз рўи нақшаи алоҳидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр санаи 8-уми сентябри соли 2018 бо иштироки сокинони шаҳракҳо ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор гардиданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:515
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4115
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4630
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:55767
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8265279

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?