Матни равон

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Ду сол муқаддам бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз 27-уми апрели соли 2016, № 73 “Дар бораи эълон намудани Рӯзи шаҳри Гулистон” дар таърихи шаҳрамон - рӯзи 15-уми сентябр ба ҳайси Рӯзи шаҳри Гулистон эълон гардида буд.

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш тамоми гулистониёнро самимона бо ин рӯзи ҳумоюн ва муборак табрик намуда, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ ва дар кору зиндагӣ комёбиву пирӯзиҳо таманно дорам.

Дар партави таҷлили бошукӯҳи Иди бузурги миллӣ ва давлатиамон – 27-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили рӯзи шаҳри беназирамон, ки дар даврони соҳибистиқлолият ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид, идомаи мантиқии шукӯҳу ҷалол ва шаҳомати Истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Дар ин рӯзҳои фараҳбахши фасли тиллоии табиат, ки дар партави сиёсати ояндасозу хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи шарифи кишвар қадамҳои устувори хешро дар эъмори давлати соҳибихтиёру соҳибмақом дар арсаи ҷаҳон мегузорад, мардуми шарифи шаҳри Гулистон бо рӯҳияи баланди ватандорӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ ба корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ камари ҳиммат маҳкам бастаанд.

Соли равон ба таъсиси шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” расо 55 сол пур шуд. Шаҳри Гулистон ҳамчун маркази маъмурии тобеи ҷумҳурӣ соли 1963 ташкил гардида, ба тобеияти шаҳр шаҳракҳои Адрасмон, Консой, Зарнисор, Чоруқдаррон, Сирдарё ва Навгарзан дохил мешаванд. Шаҳри моро шаҳри дӯстии халқҳо низ меноманд. Имрӯз дар ҳудуди шаҳр миллату халқиятҳои гуногун аҳлона ба кору зиндагӣ машғуланд.

Гулистон дар зарфи 27 соли Истиқлолияти давлатӣ ба яке аз марказҳои азими саноатӣ ва сайёҳии вилояту ҷумҳурӣ мубаддал гардида, дар пешрафти, махсусан соҳаи саноати кӯҳии кишвар ва туризм нақши бориз ва арзандаи худро касб намудааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ теъдоди корхонаҳои саноатии шаҳр аз 13 адад ба 30-то расида, номгӯи маҳсулотҳои истеҳсолӣ низ аз 13 номгӯй ба 92 номгӯй баробар шудааст. Агар 27 сол муқаддам корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми сол ба маблағи қариб 9 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ ва ниёзи мардум истеҳсол намуда бошанд, пас алъон ин нишондиҳанда дар охири соли 2017-ум ба 3,5 миллиард сомонӣ расида, дар муқоиса 394 маротиба зиёд шудааст. Агар соли 2000-ум музди маоши миёнаи кормандони корхонаҳои саноатии шаҳр 32,4 сомониро ташкил дода бошад, имрӯз он ба 2752 сомонӣ баробар шуда, дар муқоиса 85 маротиба зиёд гардида, музди маоши миёна дар ҳудуди шаҳр бошад, 66 маротиба боло рафтааст. Имрӯз корхонаҳои шаҳри Гулистон бо 22 мамолики дунё иртиботи ҳамкории судманд дошта, танҳо дар нимсолаи соли равон гардиши савдои хориҷӣ дар маҷмӯъ беш аз 1,9 миллиард сомониро ташкил додааст.

Боиси ифтихормандии мо гулистониён аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи 9 корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон бевосита иштирок дошта, баҳри пешрафти бунёдии соҳаи саноати шаҳр дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар тӯли 6 соли охир корхонаҳои саноатии шаҳр беш аз 38 %-и ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои саноатии вилояти Суғд ва дар ҷумҳурӣ беш аз 15%-ро таъмин менамоянд.

Дастовардҳо дар зарфи 27 сол дар дигар соҳаҳо низ баръало ба назар мерасанд. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ як гимназия, боғчаи бачагонаи хусусии “Наргис”, Маркази таҳсилоти иловагӣ ба фаъолият шурӯъ карда, маркази ташхисиву табобатии ба номи Закариёи Розӣ бо иштироки Пешвои миллат ва як маркази тиббии хусусӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Ҳамзамон, бо ибтикори бевоситаи Пешвои муаззами миллат Осоишгоҳи “Баҳористон”, Маҷмааи варзишию солимгардонии “Шоҳин” барои наврасону ҷавонон ва осоишгоҳи “Соҳил” дар минтақаи истироҳатии шаҳр ба фаъолият оғоз намуданд. Боғи истироҳатию фароғатии “24-солагии Истиқлолият”, Кохи фарҳангии “Истиқлол”, майдони варзишии “Апрелевка” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, маҷмааи варзишии ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, толори якҳарбии шарқӣ ва даҳҳо иншооти саноативу иҷтимоии дигар ба фаъолият оғоз намуданд.

Истиқлолият барои баланд бардоштани мақому манзалати забони тоҷикӣ, риояи меъёрҳои он, инчунин ҳифзи ин мероси бебаҳои ниёгон ва рушди забони давлатӣ заминаи воқеӣ фароҳам овард ва як рукни муҳими давлатдории моро таҳким бахшид. Бо ибтикор ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат номи яке аз шаҳракҳои мо ба номи зебои тоҷикӣ – Зарнисор, ҳамзамон номи шаҳр низ ба номи арзандаи Гулистон табдил ёфтанд.

Дар даврони Истиқлолият, пас аз 35 соли арзи вуҷуд шаҳр ба рӯзномаи худ соҳиб гашт. “Соҳил” – нашрияи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҳз дар даврони соҳибихтиёрӣ ба нашр расида, имрӯз ба минбари озоди сокинони шаҳр мубаддал гардидааст.

Дар оини шаҳрдории мо низ дар даврони истиқлолият дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯъ пайваста, шаҳр ба яке аз боғшаҳрҳои Тоҷикистони маҳбуб мубаддал гардида, имрӯз бо ҷидду ҷадали ҳар яки мову Шумо ба гулистони ҳақиқӣ табдил меёбад.

Таърих гувоҳ аст, ки таҷлили Рӯзи шаҳр дар ақсои ҷаҳон анъана ва таърихи бисёрҳазорсола дорад. Ҳанӯз, қариб ду ҳазор сол муқаддам, соли 248 нахустин маротиба 1000-солагии шаҳри Римро таҷлил карда, ин санаро Рӯзи шаҳр эълон намуда буданд. Алҳол шаҳрҳои дунё Рӯзи шаҳрро бо сабку усули хоса ҷашн мегиранд. Хушбахтона, Истиқлолияти давлатии кишвар ба мо низ чунин рӯзи фирӯзро эҳдо намудааст. Ба андешаи ман, ин рӯз на танҳо як рӯзи оддӣ, балки рӯзи ҳумоюн, рӯзи таҳлилу натиҷагирии корҳои ба субот расонидашуда ва рӯзи тарҳрезии нақшаҳои бунёдкоронаи ояндаи нек ҳам мебошад. Итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланди шаҳри Гулистон ҳадафу маром ва мақсади ин Рӯзи саидро нек арзёбӣ намуда, масъулияти хешро дар рушди бонизом ва мунтазами соҳаҳои хоҷагии халқ амиқ дарк менамоянд.

Имрӯз мо бояд ба қадри неъмати истиқлолият ва суботу амнияти давлати худ бирасем. Дар фазои озоди Ватани азизамон дар партави сулҳи арзишманде, ки бо талошҳои зиёде ба дасти миллати мо омадааст, бирасем. Ҷиҳати сазовор истиқбол намудани яке аз санаҳои муҳими таърихии давлатамон – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ тамоми тадбирҳои заруриро андешем.

Дар ин росто, зикр бояд кард, ки ба истиқболи арзандаи ҷашни бузурги умумимиллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳо таҳти шиори «1300 – рӯзи меҳнати зарбдор» чорабиниҳо ва тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ мегардад. Тибқи нақшаи чорабиниҳо беш аз 102 номгӯи иншооти ҷашнӣ сохта, бунёд гардида мавриди истифодабарӣ қарор мегиранд. Дар ин замина, алҳол дар ҳудуди шаҳр корҳои сохтмонӣ, хуррамгардонӣ ва бунёдкорӣ тавсеа ёфта,  тибқи нақша ҷараён доранд.

Дар ҳақиқат, шукронаи амну осоиш ва рушду нумуи тоза ба тозаи даврони истиқлолият моро муваззаф месозад, ки дар партави илҳомбахши Истиқлолияти давлатӣ аз имрӯза бештару беҳтар ва хубтару пурсамартар кору фаъолияти хешро ба роҳ монем. Дар рушди босуботи шаҳр дар ҳамаи соҳаҳо ҷиддан камари ҳиммат баста, барои ташаккули оини шаҳрдориамон, пешравии соҳаҳои хоҷагии халқ, баланд бардоштани маданияти шаҳрдорӣ ва дар ин замина болоравии сатҳи зиндагиамон якдилона ҷидду ҷаҳд намоем.

Итминон дорам, ки таҷлили Рӯзи шаҳри Гулистон барои ҳар яки мо мояи ифтихор гардида, моро барои вусъати корҳои ободониву созандагӣ дар партави зиндагиафрӯзи Истиқлолият ҳидоят хоҳад кард.

Бори дигар ҳамагонро бо таҷлили Рӯзи шаҳр муборакбод намуда, бароятон тансиҳатӣ, саодату иқболи нек, хонаободӣ ва дар кору пайкоратон музаффариятҳои нав ба нав таманно дорам.

Рӯзи шаҳри Гулистон муборак, ҳамшаҳриён!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:562
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4115
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4677
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:55814
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8265326

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?