Матни равон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар буриши кӯчаҳои Айнӣ ва Зебуниссои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба бунёди корхонаҳои нави истеҳсолии Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе оғози расмӣ бахшиданд.

Дар ин ҷо нахуст ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмон ва иқтидору имконияти истеҳсолии 9 корхонаи нави саноатӣ, ки ба истиқболи шоистаи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони қариб 9 гектар бо саҳми ширкатҳои тавлидотӣ ва соҳибкорони ватанӣ сохта мешаванд, муаррифӣ карда шуд.

Иқдоми мазкур, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар заминаи ҳамкории судманди давлат бо бахши хусусӣ амалӣ карда мешавад, ширкатҳои ватанӣ ва соҳибкорони инфиродӣ асосан корхонаи коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти пахтагин, коргоҳи дӯхти либосҳои мардона, занона, кӯдакона ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, корхонаи маҳсулоти ордӣ, коркарди меваи хушк ва афшура аз мева, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва яхмос, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва қаннодӣ, корхонаи истеҳсоли профилҳо ва конструксияҳои металлӣ, корхонаи коркарди сангҳои ранга ва худҷило, корхонаи истеҳсоли маснуоти ҳифзкунанда, васлкунандаҳои барқӣ ва таҷҳизоти барқӣ, корхонаи истеҳсоли чароғпояҳои светодиодӣ ва лампаҳоро бунёд менамоянд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо инобати талаботи аҳолӣ ва афзоиш бахшидани иқтидори содиротии мамлакат дар ин корхонаҳо молу маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир истеҳсол карда шуда, дар марҳилаи аввал беш аз 3000 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Калонтарин кархонаи дар Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе бунёдшаванда – корхонаи коркарди пахта то ҳадди ниҳоӣ ва истеҳсоли маҳсулоти пахтагин мебошад, ки бо харҷи 50 миллион сомонӣ сохта шуда, дар он зиёда аз 2000 нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд.

Дар маҷмӯъ, барои бунёду муҷаҳҳазгардонии нуҳ корхонаи нави саноатӣ сарфи қариб 150 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо роҳбарони ширкатҳо ва соҳибкорон изҳор доштанд, ки дар шароити имрӯза воридоти технологияи нави инноватсионӣ имкон медиҳад, ки раванди саноатикунонӣ таъмин гардад. Бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи саноат, аз ҷумла тавлиди молу маҳсулоти рақобатпазир таъкид гардид, ки дар корхонаҳои Минтақаи саноатии “Душанбе” технологияи муосири истеҳсоли бонуфузтарин ширкатҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Германия, Италия, Белгия, Кореяи Ҷанубӣ ва Туркия васлу насб карда мешаванд.

Масъулони ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Ваҳдат”, “Шаҳзода”, “Грин Голд”, “Норд Азия Металл”, “Асрори Санг”, “Ноқили Талко” ва “Технологияи барқӣ ва бехатарӣ” ба Сарвари давлат ваъда доданд, ки марҳила ба марҳила то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ корхонаҳои нав мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки ҳадафи асосии Ҳукумати ҷумҳурӣ аз таъсиси минтақаҳои саноатию иқтисодӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ, коркарди ашёи хом то ҳадди ниҳоӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат, афзоиш бахшидани иқтидори содиротӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:4724
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1666
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13780
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11751
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:35704
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8245216

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?