24 Сентябр 2018
Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқ ва Раиси шаҳр Сатториён Матлубахон Амонзода ва иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Муқимӣ Давлатов иҷлосияи XVI маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон (даъвати панҷум) доир гардид. Пас аз иҷрои Суруди Миллӣ, вакилон котибот ва рӯзномаи иҷлосияро тасдиқ намуданд.
Доир ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми декабри соли 2017, №968 «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Гулистон муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода баромад намуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтани санаи таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои Раиси шаҳри Гулистон аз 16-уми марти соли 2018, №57 «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28-уми марти соли 2018, №67 ба тавсиб расида, нақшаи чорабиниҳо иборат аз 79 банд тасдиқ карда шуданд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои мазкур дар ҳудуди шаҳр сохтмони беш аз 102 иншооти ҷашнии истеҳсолию иҷтимоӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳамзамон мавсуф зикр намуд, ки соли 2018 бояд 37 иншооти ҷашнӣ бояд ба истифода дода шаванд, ки то ба имрӯз 15 иншоот пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, дар дигар 25 иншооти нақшавӣ ва берун аз нақшавӣ корҳо идома дошта, то охири сол онҳо низ ба истифода дода мешаванд.
Дар музокираи масъалаи асосӣ вакил аз ҳавзаи интихоботии «Гулдара» Сафар Нурматзода, раиси ҷамоати шаҳраки Консой Баҳодур Сайдуллоӣ, раиси ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон Наргис Бердиева, сармеъмори шаҳр Муҳаммадҷон Тошматов иштирок намуданд.
Дар рафти иҷлосия, инчунин ҳисоботи раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон оид ба масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон, робита бо ҷомеа ва фарҳанг Каромат Қосимова, вакил аз ҳавзаи интихоботи “Лоиқ” №34 ва ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии “Истиқлол” №8 Савриҷон Каримова шунида шуд.
Вакилон тибқи рӯзномаи иҷлосия як қатор қарорҳое, ки аз ҷониби Раиси шаҳр ба тасвиб расидааст, тасдиқ намуда, инчунин ба қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба таъсиси маҳаллаи нав ва буҷети солди 2018 тағйирот ворид намуданд.
Доир ба масъалаҳои баррасишуда вакилони Маҷлиси шаҳрӣ қарорҳои дахлдор қабул намуданд.