01 Октябр 2018
Пас аз нишасти хоссаи сарони давлатҳо кори Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии кишварҳои аъзо ва меҳмонони ҳамоиш ҷараён гирифт.
Дар кори ҷаласа масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар доираи Иттиҳод, натиҷаи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳод ва мавзӯъҳои асосии дигар, аз қабили қабули таъмини амният ва чораҷӯии фаврӣ бар зидди таҳдидҳои глобалӣ, аз қабили терроризм ва экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва паҳншавии ғайриқонунии силоҳ, ҳалли мушкилоти масъалаҳо оид ба таъмини амният дар қисми ҷанубии Иттиҳод, интихоби раёсати Иттиҳод дар соли 2019 ва дигар мавзӯъҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ баррасӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, сиёсати ҷавонон, тандурустӣ, варзиш ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дар ин давра бо ҷонибдории кишварҳои аъзои Иттиҳод бастаи калони санадҳо омода шуда, барои рушди шарикии гуманитарӣ қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Дар ҷараёни ҷаласа сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба натиҷаҳои раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод барои дар сатҳи баланд ташкил кардани Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳод ва пазироию меҳмоннавозии самимӣ баҳои баланд доданд.
Дар кори ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчунин Раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев ва Раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Россия Валентина Матвиенко иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар интиҳои кори Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил як қатор қарорҳо ба имзо расид.
Дар бораи натиҷаҳои кори Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон изҳорот доданд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.