Матни равон

Мо, ҷавонони шахри Гулистони вилояти Суғд вобаста ба вазъияти кунунии ба амал омада дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва нашри ақидаҳои ихтилофангезонаи гурӯҳҳои мухолиф нисбат ба шароит ва ҳолати  имрӯзаи ин пораи Тоҷикистон, ба тамоми мардуми шарифи Точикистон, аз ҷумла ҷавонони минтақа муроҷиат намуда, изҳор менамоем, ки имрӯз дар чунин шароити ҳассос ва сарнавиштсоз, набояд фирефтаи суханони гурӯҳҳои  ҷиноятӣ гардида, ҳар гуна амалҳои номатлубро бар зидди давлату миллати хеш раво бубинем.

Имрӯз душманону хоинони миллат аз хориҷи кишвар истода тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна андешаҳоро паҳн намуда мардумро гумрох карданианд. Мо чавонон набояд фирефтаи ин гуруххои тундрав шуда, бар ватани азизамон зарар расонем. Кушиш намуданамон лозим меояд, ки хангоми истифодаи шабакахои интернети акламонро кор фармуда шахсони ватандустро аз хоинону ватанфурушон чудо карда тавонем. Мо чавонон тайёрем, ки он супоришу фармонхое, ки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тадбик мегарданд итоат намуда, ичро намоем.

Гуруххои тундраве, ки дар хоричи мамлакат карор доранд тадбирҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар мавриди ҷамъоварии силоҳ, пешгирӣ аз гардиши мошинҳои берақам, интиқоли маводи мухаддир ва дигар иқдомотро як навъ амалиёти давлат нисбати мардуми Бадахшон  маънидод мекунанд. Тамоми мардуми соҳибхиради Тоҷикистони азиз,  пеш аз ҳама сокинони бонангу номуси Бадахшон худ ба хубӣ дарк мекунанд, ки ҳаргиз чунин набудаву нахоҳад буд, зеро таҳлилҳои анҷомёфта нишон медиҳанд, ки давоми чанд соли охир чанд гурӯҳҳои ҷиноятпеша, на танҳо хилофи қонунҳои амалкунанда рафтор намуда истодааст, балки онҳо дар баробари бадном намудани мардум, боиси ранҷу озори  халқи шарифи Бадахшон гардида истодаанд. Ин пешаи Хукумати Чумхурии Точикистонро мардуми хирадманди Бадахшон ба хуби кабул намуда, бо максади решакан кардани ин зухуроти номатлуб дар якчоги бо макомотхои дахлдор хамкори карда истодаанд.

Мо, ҷавонон аксаран аз он шукргузорӣ мекунем, ки имрӯз бо шарофати тантанаи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар ҷавонони тамоми шаҳру навоҳии мамлакат дар сафи артиши миллӣ дӯстона ва чун фарзандони як оила хидмати Модар-Ватанро сарбаландона адо менамоем. Ҳамасола шумораи зиёди ҷавонони шахри Гулистони вилояти Суғд дар канори ҷавонони дигар манотиқи Тоҷикистон чун Хатлону Зарафшон, Ҳисору водии Рашт, дар ҷузъу томҳои Артиши миллӣ дар вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон хидмат мекунанд. Аммо мутассифона шумораи ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хеле кам ба назар мерасад. Мо фикр мекунем, ки яке аз сабабхои ин казия он аст, ки бештари чавонони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ба суханхои аъзоёни гурӯҳҳои ҷиноятпеша чун Толиб, Боқир, Ёдгор ва дигарон рафта, аз хизмати харби саркаши менамоянд. Мутаассифона, ин ҷавонон агарчӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба хидмати Модар- Ватан намераванд, вале дар хидмати ин гурӯҳҳои ҷиноятпеша буда, ҳамчун ғулом супориши ин «пешвоёни мардумозор ва мардумбезор» -и хешро иҷро мекунанд.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб мо ҷавонони шахри Гулистони вилояти Суғд ба ҳамсолони худ муроҷиат менамоем, ки  дар ин фурсатҳои ҳассос ҳушёрии сиёсӣ ва зиракиро аз даст надода, баръакс барои дастгир ва ба ихтиёри давлат супоридани гурӯҳҳои ҷиноятӣ, пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир, барқарор намудани тартиботи ҷамъиятӣ дар қаламрави вилоят якдилона ташаббус зоҳир намоед. Шумо, ҷавонони ватандӯсти вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар ин рӯзҳои барои ҳамаи мо ҳассос ва марҳилаи даъват ба артиши миллӣ имконият доред, ки бо раъйу иродати хеш ба сафи қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон пайваста, ҳамчун гурӯҳҳои ватандӯст, ватанпарвар дар самти ҷамъоварии пурраи силоҳ, пешгирии ҷинояткорӣ, таслими гурӯҳҳои мусаллаҳ ва ҷиноятпеша, нашъаҷаллоб, ки ҳамагӣ сабабгори чунин нооромиҳо дар минтақа гардиданд, саҳми назарраси хешро гузошта, оини ватандӯстӣ ва ватандории хешро дар назди халқу  Ватани азиз собит намоед.

ҶАВОНОНИ ШАХРИ ГУЛИСТОНИ  ВИЛОЯТИ СУҒД

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:934
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3191
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:7837
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23588
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:61390
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7703310

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?