08 Апрел 2015
2 апрели соли равон дар шаҳри Қайроққум Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид, ки беш аз 20 нафар ҷавонони бонангу номус, ватандӯсту меҳанпарвар ихтиёран ба комиссариати ҳарбии шаҳр барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳозир шуданд.
Баъди сафороии сарбозони қисми низомии 45025 ва садо додани Суруди миллӣ чорабинии тантанавӣ бо суханронии Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода оғоз ёфт.
Мавсуф, перомуни дастгириву ғамхориҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ сухан карда, ҷавононро ба хизмати содиқона баҳри ҳимояи марзу буми Ватан, таъмини Ваҳдати миллӣ ҳидоят ва ба онҳо сиҳатмандиву барор таманно намуд.
Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Ашӯрмат Валиев, намоянда аз волидайни даъватшавандагон, сокини Ҷамоати шаҳраки Навгарзан Рузиқул Юлдошев, сарбози қисми низомии 45025 Шодварз Мирзоев ва даъватшаванда аз Ҷамоати шаҳраки Зарнисор Фирӯз Содиқов низ ба сухан баромада доири садоқат ба халқу Ватан, ифтихори миллӣ, саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти кишвар ҳарф заданд.
Сипас, навдаъватшудагон бо туҳфаҳои Раиси шаҳр қадрдонӣ шуданд. Маросими гусели ҷавонон ба хизмат бо барномаи консертии бахши фарҳанг поён ёфт.