15 Октябр 2018
Дар шумораи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» (шумораи 41 аз 11 октябри соли 2018) мусоҳибаи Давлат Маҳмадризобеков ба чоп расид. Мусоҳиба ҳолати воқеии вазъияти ҷинояткориро дар шаҳри Хоруғ воруна ва чаппа ифода мекунад ва дар мусоҳиба кӯшиши тафриқа андохтан байни кормандони ба ном «маҳаллӣ» ва «омада» шудааст, ки мазмуну муҳтавои мақоларо ба куллӣ дигар кардааст. Чунончӣ, ин генерали дурӯғросткун мегӯяд: « -Ба андешаи ман, ҳам дар марказ ва ҳам дар худи Бадахшон бояд сафи кормандони сохторҳои қудратӣ аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ афзоиш ёбад. Дар 10 соли охир шумораи онҳо тамоман кам шуд, зеро нафароне, ки аз дигар минтақаҳо меоянд, то дараҷаи зарурӣ наметавонанд бо мардуми маҳаллӣ ба пуррагӣ забон ёбанд. Бояд кадрҳои лаёқатманди худи Бадахшонро дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ тарбия намуд ва ба он ҷо фиристод. Ин таъсири хубе хоҳад дошт».
Ин изҳори ақида мутлақо норафиқи генерали саҳроӣ нодуруст аст. Баръакс ин «кадрҳои маҳаллӣ» чӣ қадар тавонистанд, вазъиятро тахриб карданд, заминаи нооромиро ба вуҷуд оварданд. Мана далелҳо:
Сараввал, ҳамин полковнику генералҳои маҳаллӣ, ба мисли Маҳмадризобеков Д., Сулаймонбеков И., Имомбердиев Ф., Навҷувонов М., Назриддинов Т., Поиндашоев О ва даҳҳо дигар ландаҳурони маҳаллӣ набуданд, ки дар сохтори милисаву амният хокпошӣ бар сари ҷинояту амали ҷинояткорҳо мекарданд ва сихеро болои сих нагузоштанд, то ин 4 гурӯҳаки ҷинояткор аз номи халқи Хоруғ баромад накунанд, ба гангстерҳои қотилу одамкуш ва ба масъалаи сатҳи ҷумҳуриявӣ табдил наёбанд.
Худи Маҳмдаризобеков аз ёд баровардааст, ки Алёши Горбун ӯро таги зарбу лагад соли 1994 қарор дод ва ӯ дар беморхона бистарӣ шуд ва ин ҷиноятро ифшо накард. Беақлӣ аз ин зиёд намешавад ва ин рутбаи генералӣ ҳам маълум аст, ки тасодуфӣ аст. Кадри маҳаллӣ, яъне чӣ? Вақте буд, ки тавони раиси вилояти Бадахшон шудани як ванҷиро тоқат накардед, ӯро ғайримаҳаллӣ донистед, Ванҷу ванҷиро фақат барои индюкхӯрӣ раво донистед, на шарик дар идораи вилоят. Чун ишкошимӣ, рӯшонӣ, дарвозӣ, ишкошимӣ, ванҷӣ, мурғобӣ ба рӯхияи ҷинояткории «маҳаллӣ»-и шумоҳо бегона медонистед, «точикенат чахтикен» гуфта муроҷиат мекардед. Тавони муовин будани раиси вилояти як дарвозӣ ва мурғобиро надоштед, Куҷо расад ба мардуми Кӯлобу Суғд. Ба ин мантиқи Шумо амал кунем, таъиноти кадрӣ бояд ба таври истисноӣ дар маҳаллаҳои Гулакен, Шошхоруғ, Бархоруғ ва аз ҳама хубтараш аз Менем, сурат гирад, ки 27 соли охир аз як деҳа 3 генерал таъин шудааст. Аҷабо, вовайлои «ватандории хоруғӣ»...
Ҳамин роҳбарони ба ном «маҳаллӣ»: Шабозов Ғ., Ниёзмамадов А., Шодихони Ҷамшед ва дигарон набуданд, ки раванди идораи вилоятро бунбастӣ карданд, Хоруғро ба шаҳри нимаафғонӣ табдил доданд, сатҳи ҷинояткориро боло бурданд, қотилу одамкушонро минбар доданд. Кор занакбозӣ дар утоқҳои корӣ, баъд мардум гӯш мекунад, раиси маҳаллии вилоятро.
Як кадри маҳаллӣ дигар доред, Алим Шерзамонови лаъинмаоб. Дар хориҷа рафта, барои таҳқири миллати худ, грант мегирад ва заминаи нооромиро муҳайё месозад, ҳоло он ки занаш гапашро намегирад.
Боқӣ давраи «маҳаллӣ-ҳо гузаштааст. Вақт вақти барқарор кардани ҳукумат ва тартиботи ҷамъиятӣ аст.
Рифъати Баҳромӣ, таҳлилгари масоили
иҷтимоии Бадахшон аз номи гурӯҳҳои
норозии Мурғоб ва Дарвоз