Матни равон

Тибқи нақшаи тасдиқгардида, дар толори бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон баргузор гардид.

Дар кори Шӯро аъзои Шӯро, мураббиёни мактаби варзишӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорони тарбияи ҷисмонӣ иштирок доштанд. Муовини раиси шаҳр, раиси Шӯро Шарифҷони Саидраҳмон ҳозиринро бо рӯзномаи Шӯро шинос намуд. Дар Шӯро масъалаҳои рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни баргузории мулоқоту вохӯриҳо бо варзишгарон, тасдиқи нақшаи кории Шӯро барои соли 2025 ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд. Аз рӯйи масъалаи якум Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ҳисоботро пешниҳод намуда, иброз дошт, ки боиси ифтихор ва сафарозист, ки маҳз дар натиҷаи таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд ва оммавияти варзиш дар кишвар барои сокинони маҳал ҷиҳати таҳкими тарзи ҳаёти солим имконпазир гардид. Аз ҷумла дар шаҳри Гулистон низ ба рушди варзиш ва оммавигардонии варзиш таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида истодааст. Қайд гардид, ки варзишгарони шаҳри Гулистон дар 9 моҳаи соли 2025 дар мусобиқаву чемпионатҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Ҳамзамон, дар баромади мудири бахши ҷавонон ва варзиши шаҳр тамоми камбудиҳо ва мушкилотҳои соҳаи варзиши шаҳр муфассал мавриди таҳлил қарор гирифт.

Сипас, доир ба назорати соҳавӣ ва ба нақшагирии чорабиниҳои самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар соли сипаригардида гузориш дода шуд.

Сипас, муовини раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон суханронӣ намуда, зикр дошт, ки ҳадаф аз таъсиси Шўрои мазкур ин мавриди баррасӣ қарор додани масъалаҳои вобаста ба татбиқи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мебошад. Бинобар ин вобаста ба оммавияти варзиш, таъсис додани гуруҳҳои алоҳидаи варзиш вобаста ба имкониятҳои шаҳри Гулистон, вусъати корҳо дар самти ташкил ва баргузории терренкур ва машқҳои пагоҳирӯзӣ, омодагиҳо ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашнҳои муҳими таърихиву сиёсӣ, аёдати собиқадорони соҳа, тозаву озода нигоҳ доштани ҳудуди иншоотҳои варзишӣ, пешгирии ҳамагуна омилҳои номатлуб миёни варзишгарон ва дигар тадбирҳо, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён омадааст, аъзои Шӯро ва шахсони алоқаманди соҳаро муваззаф намуд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2775
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2245
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12851
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:14838
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:55560
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:79170
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9034793

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?