Матни равон

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ дар шаҳри ҚайроққумСубҳи имрӯз боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд дар шаҳри Қайроққум идома ёфт.

Дар шаҳри Қайроққум, ки яке аз минтақаҳои саноатӣ ва истироҳатию фароғатии Тоҷикистон ба шумор меравад, як бинои истиқоматии бисёрошёна ва ду корхонаи саноатӣ ифтитоҳ ёфт.

Бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қайроққум нахуст як бинои панҷошёнаи истиқоматӣ, ки аз ҷониби соҳибкорзани маҳаллӣ Турсуной Зокирова сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ дар шаҳри ҚайроққумТавре иттилоъ доданд, ин бинои истиқоматӣ дорои 35 хонаи зебою барҳаво мебошад.

Соҳибкорзани ташаббускор Турсуной Зокирова иттилоъ дод, ки дар пайравӣ аз сиёсати бунёдкорию созандагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин бинои истиқоматиро бунёд намуда, бо дастгирӣ аз тадбирҳои башардӯстонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 10 хонаи онро ба маъюбон, ятимон ва оилаҳои ниёзманд ройгон тақдим мекунад.

Калидҳои ин хонаҳо ба соҳибони хуштолеашон аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва худи соҳибкорзан супурда шуд.

Тавре аён гардид, бинои истиқоматӣ ва хонаҳои он бо тарҳи зебо ва бо шароити мусоиди замонавӣ бунёд ёфтаанд.

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ дар шаҳри ҚайроққумДар навбати дувум дар назди ширкати Фаровони шаҳри Қайроққум се коргоҳи нав дар фазои тантанавӣ ба кор дароварда шуд, ки ташаббускори бунёди онҳо соҳибкори ватанӣ Исроилхӯҷа Самандаров мебошад.

Чунонки аён гардид, ин когоҳҳо яке барои истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво, мурғ ва моҳӣ ва ду коргоҳи дигар барои тавлиди маҳсулоти бинокорӣ пешбинӣ шудаанд.

Коргоҳи хӯроки омехтаи чорво, мурғ ва моҳӣ имкон дорад, ки дар 1 шабонарӯз то 30-35 тонна маҳсулот истеҳсол намояд.

Дар ин ҷо 9 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд.

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ дар шаҳри ҚайроққумДар коргоҳи маҳсулоти бинокорӣ масолеҳи бозоргири ин соҳа, ки ҳоло аксаран аз хориҷи кишвар ворид мегардад, истеҳсол шуда, то андозае имкон медиҳанд, ки бозори дохилӣ бо молу ашёи ватанӣ таъмин шавад.

Дар яке аз ин коргоҳҳо ҳар моҳ беш аз 3000 м2 панелҳои гуногун барои бинокорӣ ва дар коргоҳи дуюм моҳона аз зиёда аз 60 тонна метал конструксияҳои оҳанӣ омода карда мешавад.

Чунонки зикр гардид, дар се коргоҳи навбунёди ширкати Фаровон беш аз 40 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд.

Иншооти сеюми ҷашнӣ дар шаҳри Қайроққум, ки бо рафти фаъолияти он Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бевосита шинос шуд, корхонаи мурғпарварии Дӯстони соҳибкори маҳаллӣ Даврон Пӯлотов мебошад.

Ин корхона барои парвариши 100 ҳазор сар мурғи тухмӣ бунёд ёфта, имкон дорад, ки дар як сол ба бозор беш 15 миллион дона тухми мурғ пешниҳод намояд.

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ дар шаҳри ҚайроққумДар навбати аввал чӯҷаҳо аз хориҷи кишвар ворид карда шуда, дар ҳамин ҷо калон карда мешаванд.

Ҳоло аз 5 бино (модул) 4 тояш пурра омода ва бо мурғ пур карда шудааст. Бинои панҷуми корхона ҳам бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз шуда, вале ҳоло бо мурғ пур нашудааст.

Дар ин корхона то 60 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мешаванд.

Бо маслиҳати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон соҳибкори мазкур тасмим гирифт, ки дар ин ҷо як корхонаи мурғи гӯштӣ ҳам бунёд намояд.

Тавре аён мегардад, мардуми шаҳри Қайроққум ва ба хусус соҳибкорони боибтикори он дар раванди бунёдкорию созандагии кишвар аз сиёсати ободкории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ намуда, пайваста ба бозори дохилии кишвар маҳсулоти нав ба нави саноатӣ, аз ҷумла маҳсулоти воридотивазкунанда истеҳсол ва пешниҳод менамоянд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.





Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:576
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4115
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4691
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:55828
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8265340

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?