25 Март 2015
Имрӯз дар шаҳри Қайроққум бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як корхонаи коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар назди осоишгоҳи овозадори Баҳористон фаъолият мекунад.
Чунонки зикр гардид, ин корхона иборат аз бинои маъмурият, бинои истеҳсолӣ ва бинои гармидиҳӣ бо анбори ангишт буда, тамоми масолеҳи сохтмонии дар бунёди онҳо истифодашуда моли ватании Тоҷикистон мебошад.
Фаъолияти корхона ба коркард ва истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва тайёри хӯрокворӣ, аз ҷумла маҳсулоти гӯштӣ, қаннодӣ, сабзавоти коркардшуда ва хӯроки гарми якум ва дуюм равона карда шудааст.
Ин корхона дар масоҳати умумии 0,55 га бунёд ёфта, аз 3 коргоҳи алоҳида барои коркарди гӯшт, сабзавот ва истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ иборат аст. Он имкон дорад, ки дар як шабонарӯз то 4 тонна ашёи хом ва нимтайёрро коркарда намуда, маҳсулоти бозоргири хурокворӣ истехсол кунад.
Барои назорати сифати ашё ва ҳолати санитарию эпидемиологии маҳсулот корхона худ озмоишгоҳи муосир дорад.
Барои нигаҳдории ашё мувофиқи талаботи стандартҳои нигаҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ дар корхона 4 адад анбор барои нигаҳдории то 70 тонна сабзавот, 7 яхдон бо ҳарорати сифр дараҷа барои то 100 метри мураббаъ маҳсулоти ширӣ, гӯштӣ ва ғайра мавҷуд аст.
Корхона бо технологияи муосир аз кишварҳои Аврупо, Русия ва Чин муҷаҳҳаз карда шудааст.
Маҳсулоти корхона, пеш аз ҳама, барои қонеъ гардонидани талаботи осоишгоҳи Баҳористон, маркази солимгардонии кӯдакону наврасони Шоҳин ва ҳамчунин ба бозор пешниҳод карда мешавад.
Миқдори кормандон то 30 нафар буда, аз ҳисоби ҳайати кории осоишгоҳи Баҳористон сафарбар карда мешаванд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки ба сифати маҳсулоти хӯрокӣ таваҷҷуҳи хос зохир карда шавад ва таъкид дошт, ки озукавории бесифат ба саломатии инсон таъсири зиёди манфӣ дошта, истеъмолӣ он ба муддатҳои дароз ҳатто ба генофонди миллат зиён меоварад.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.