Матни равон

25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд.

Дар кори машварат вазъи иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд, ҷамъбасти рушди бахшҳои вилоят дар нуҳ моҳи соли 2018, ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи нақшаи ободониву бунёдкории шаҳру ноҳияҳои вилоят барои таҷлили сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди бахшҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоятро мавриди таҳлили амиқ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки аз рӯи таҳлилҳо, солҳои охир истеҳсолоти саноатӣ дар вилоят тадриҷан афзоиш ёфта, дар он саҳми соҳаҳои истихроҷи маъдан, коркарди ашёи хом ва кишоварзӣ зиёд шуда истодааст. Дар нуҳ моҳи соли 2018 афзоиши маҷмӯи маҳсулоти вилоят 107 фоиз ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 110 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми онҳо мутаносибан ба 12,8 ва 8,1 миллиард сомонӣ баробар шудааст.

Дар вилоят ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар моҳҳои январ — сентябри соли 2018 ба 5,6 миллиард сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 6,6 фоиз, аз ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ 4,4 миллиард сомонӣ ё 7,6 фоиз ва чорводорӣ 1,2 миллиард сомонӣ ё 3,1 фоиз зиёд шудааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он барои сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, мева ва дигар намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ, захираи ҳаҷми зарурии маҳсулот, таъсиси коргоҳу корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бастубанду содироти он, ташкили гармхонаҳои нав, бунёди боғи меваҳои содиротӣ ва мунтазам зиёд кардани майдони кишти сабзавоту картошка вазифадор карда шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар зарфи солҳои 2016-2017 қисми зиёди лоиҳаҳои дар Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2016-2020 ба нақша гирифташуда аз ҷониби мақомоти масъул маблағгузорӣ нашудааст. Тибқи маълумот, дар ин муддат 1,3 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ба татбиқи лоиҳаҳо ҷалб гардидааст, ки ҳамагӣ 28 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Дар баробари дастовардҳо дар бахшҳои алоҳида камбудиҳо низ ба назар мерасанд ва Сарвари давлат барои ислоҳи камбудиҳо ва иҷрои саривақтии вазифаҳо ба масъулин дастурҳои мушаххас доданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин вазорату кумитаҳои дахлдор супориш доданд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар самти татбиқи босифату саривақтии барномаҳои гуногуни рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бартараф намоянд.

Вазифаҳои дигар ҳамчунин вобаста ба иҷрои саривақтию босифати корҳои саҳроӣ, кишту кори такрорӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосили парваришшуда, рушди соҳаи саноат, истифодаи пурраи иқтидорҳои саноатии корхонаҳои амалкунанда, бунёди корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои корӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти босифату воридотивазкунанда ва таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ва захираи зарурии маводи озуқа дода шуд.

Дар нуҳ моҳи соли 2018 аз 614 корхонаи саноатӣ 100 корхона ё аз шумораи умумӣ 17 фоиз бо сабабҳои гуногун фаъолият накардаанд.

Бинобар ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор карданд, ки доир ба фароҳам овардани шароит барои барқарор намудани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда тадбирҳои дахлдор андешанд.

Дастурҳои дигар доир ба ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохиливу хориҷӣ барои ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ, таҷҳизонидани корхонаҳо бо технологияҳои муосир ва диверсификатсияи истеҳсолоту содирот дода шуд.

Дар асоси нақшаи ободониву бунёдкории шаҳру ноҳияҳои вилоят барои таҷлили ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ беш аз 6000 иншооти таъйиноти иҷтимоиву иқтисодӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ҳамаи онҳо боиси фароҳам омадани даҳҳо ҳазор ҷойи нави кор, ҳалли бисёр мушкилоти иҷтимоии сокинон ва боз ҳам ободу зебо шудани шаҳру ноҳияҳо мегарданд.

Бинобар ин, ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ва дигар вазорату идораҳои давлатӣ супориш дода шуд, ки бунёди иншооти банақшагирифтаро бо риояи меъёрҳои ҳозиразамон, санъати баланди меъморӣ сари вақт ва босифат таъмин созанд.

Зимни баромади худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин масъалаҳои рушди минбаъдаи шаҳру ноҳияҳо, беҳтар шудани сатҳи некӯаҳволии мардум, аз ҷумла пешрафти соҳаи сайёҳӣ, таъмин намудани амният, суботу оромӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун дар қаламрави вилоятро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, сохторҳои марбутаро барои пешрафти кор дар ин самтҳо ва ислоҳи камбудиҳо, волоияти қонун, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ вазифадор карданд.

Супоришҳо ҳамчунин доир ба риояи талаботи қонунгузорӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва фаъолияти мунтазами иншооти энергетикӣ, захираи маводи сӯхт дар давраи зимистон дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳи ҷинояту ҷинояткориро дар ҳудуди вилоят таҳлил намуда, вобаста ба ислоҳи камбудиҳо дар ин самт ва пешгирию коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Дар машварат ҳисоботи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба натиҷаи фаъолияти бахшҳои хоҷагии халқи вилоят давоми нуҳ моҳи соли 2018, рафти татбиқи супоришҳои Президент ва Ҳукумати кишвар ва иҷрои дигар дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шунида шуд.

Дар охири кори машварат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки сокинони меҳнатқарини вилояти Суғд минбаъд низ бо сарҷамъӣ ва ҳисси баланди миллӣ барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат баҳри пешбурди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ бештар талош варзида, дар пешрафти ҷомеа саҳми босазо мегузоранд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:8450
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5471
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:22977
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11751
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:44901
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8254413

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?