Матни равон

Ҳамшаҳриёни азиз!

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Точикистон яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият буда, ҳамчун санади муқаддас ва тақдирсоз роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо кардааст. Аҳамияту арзиши баланди Конститутсияро моҳияти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, давлатию ҳуқуқӣ, таърихию анъанавӣ ва миллӣ доштани он нишон медиҳад, зеро чунонки дар Конститутсия таъкид гардидааст, ҳадафи асосӣ ва ниҳоии давлат ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани шароити мусоид барои чандандешӣ, озодии сухан ва фаъолияти озоди иқтисодӣ мебошад.

Конститутсияи Тоҷикистон маҳсули афкори пешқадами кулли мардуми кишвар буда, таҳти роҳбарии хирадмандона ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст. Дар Қонуни Асосии Тоҷикистон арзишҳои олии ҳаёти ҷамъиятӣ ва сохторҳои давлатӣ, эътирофи волоияти қонун, эътирофи арзишҳои олӣ доштани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ва монанди ин таҷассуми худро ёфтаанд.

Тағйироту иловаҳо ба Конститутсия ба дақиқ намудани  шакли идоракунӣ, такмили сохтори мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мушаххас намудани ваколатҳои мақомоти давлатӣ; пурзӯр кардани талабот нисбат ба номзадҳо ба вазифаи Президенти мамлакат, вакилони Парлумон, аъзои Ҳукумат ва судяҳо аз нигоҳи амният ва садоқат ба Ватан; такмили расмиёти қабули қарорҳои алоҳида аз ҷониби мақомоти олии қонунгузор; танзими конститутсионии ваколатҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат; танзими фаъолияти азҳоби сиёсӣ аз нигоҳи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои демократӣ ва ризоияту ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа; аз ҷиҳати мантиқӣ, таҳрирӣ ва имлоӣ  равону хонотар кардани матни Конститутсия созгор гардиданд ва онҳо тариқи раъйпурсӣ пазируфта шуданд.

Конститутсияи Тоҷикистон таъмини манфиатҳои тамоми халқияту миллатҳо, динҳо, ривоҷи маданият, забон ва ҳифзи оину суннатҳои онҳоро кафолат медиҳад. Гузашти солҳо собит сохт, ки дар партави Конститутсия ҷомеаи мо дар ҷодаи бунёдкорӣ ва созандагӣ ба комёбиҳои калон соҳиб гашта, собитқадамона дар роҳи бунёди давлати комилҳуқуқу соҳибихтиёр, демокративу дунявӣ қадамҳои устувор мегузорад.

Итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланди шаҳри Гулистон ва шаҳракҳои он минбаъд низ тавассути эҳтиром ва риояи дақиқи меъёрҳои Конститутсия қарзи шарҳвандии худро сарбаландона адо хоҳанд кард. Зеро эҳтиром, риоя ва ҳифзи Конститутсия кафолати таъмини қонуният, амният ва сулҳу суботи давлат ва ҷомеа мебошад.

Бо самимият кулли мардуми шарафманду сарбаланди шаҳри Гулистонро ба ифтихори Рӯзи Конститутсия самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар яки Шумо сулҳу оромӣ, иқболу хушбахтӣ ва файзу баракат таманно дорам.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:14472
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5471
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:28999
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11751
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:50923
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8260435

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?