Матни равон

Дар вазъи имрӯз мусаллам аст, ки танҳо фароҳам овардани шароити мусоид қабл аз ҳама ба соҳибкорони маҳаллӣ имкон медиҳад, то ба рушди устувор ва бемайлони иқтисодӣ муваффақ шаванд. Мисоли рӯшани инро мо метавонем дар шаҳри Қайроққум мушоҳида кунем.

Бо он захираву имкониятҳо дар ин самт шаҳри Қайроққум мебоист дар қаламрави вилояти Суғд яке аз муваффақтаринҳо маҳсуб  меёфт, вале  таҳлилҳо  аз  он бозгӯйӣ доранд, ки воқеият чунин нест. Ҳиссаи умумии соҳибкорони инфиродӣ дар ғанӣ гаштани буҷаи шаҳр дар ин ҷода ҳамагӣ аз 2,5 то 3 дарсадро ташкил медиҳаду бас.

Чӣ бояд карду чӣ тадбирҳо андешид, то дар ин самт пешравие ба чашм расаду аз номгӯйи зиёди хизматрасонии маишиву иҷтимоӣ бошандагони шаҳр қаноатмандӣ ҳосил карда, ҳамзамон даҳҳо ҷойҳои нави корӣ ва муҳимтар аз ҳама дар ғанишавии буҷаи шаҳр сарчашмаҳои боэътимод пайдо шаванд.

 

Мулоқоти рӯ ба рӯ ва ошкорои Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода бо соҳибкорон, ки ҳафтаи гузашта доир шуд, маҳз ҳамин масъаларо фарогир буд. Таъкид гашт, ки татбиқи "Барномаи рушди мин баъдаи иҷтимоию иқтисодии шаҳр то соли 2016" ҳанӯз бо таври бояду шояд ва бо таври боварибахш амалӣ намешаванд.

Дар давоми ду сол субъектҳои соҳибкорӣ дар ҳудуди шаҳр тамоили афзуншавӣ дошта, аз 236 субъект 180 ададаш, яъне 76,2 дарсадаш бахши хусусист, аммо ин нишондод ҳанӯз ҳам ҷавобгӯй ба талаботи

рӯз нест. Аз се моҳи сипаришудаи соли равон як рақам умед бахшида метавонад, ки дар ин муддат аз ҷониби бонкҳо ба соҳибкорон зиёда аз 84 миллион сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 73 миллион сомонӣ зиёд аст. Ҳамзамон дар се соли охир 20 корхонаи истеҳсолии хурду миёна бо таъсиси зиёда аз 650 ҷойҳои нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки аксари онҳо бо иштироки бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт ва албатта, ин ҳам назаррас аст, вале имкониятҳои истифоданашуда дар шаҳр хеле зиёданд.

Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода аз он изҳори нигаронӣ дошт, ки то моҳи апрел ҳамагӣ 150 нуқтаҳои хизматрасонии савдо ва маишӣ арзи вуҷуд доштанд ва фаъолияти онҳо муассир нестанд. Дар ин замина ба соҳибкорон дастур дода шуд, ки ҷиҳати коҳиш додани нарху навои маводи озуқа, танзими фаъолияти бозорҳо дар қаламрави шаҳр, риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ, пешгирӣ аз меҳнати ноболиғон ва сари вақт аз савдо берун кардани маводи мӯҳлаташон гузашта дар талош бошанд. То андозае таъмин кардани муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҷойҳои корӣ низ аз ҷумлаи он масъалаҳое ба шумор мерафт, ки дар ин мулоқот баррасӣ шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:633
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3682
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:19111
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:26526
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:97212
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:115447
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4632291

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?