09 Ноябр 2018
Яке аз ин расонаҳо «Ахбор» мебошад, ки аз ҷониби Мирзои Салимпур бо маблағгузории кишварҳои хориҷии маълум таъсис дода шудаву дар шаҳри Прага дафтари худро дошта, ба ҳаёти орому осудаи давлату миллати тоҷик нигоҳи нек надорад. Масалан, таърихи 8-уми ноябри соли ҷорӣ дар ин торнома яку якбора чор матлаб инъикос ёфтааст, ки дар бораи дар як зиндони вилояти Суғд ошӯб бардоштани маҳбусон, атрофи зиндонро муҳосира намудани нирӯҳои амниятӣ ва куштаву захмӣ шудани чанд нафар, нақл мекунад. Яке аз он матлаб бо номи «Исёни мусаллаҳонаи маҳбусони доишӣ ва таҳрирӣ дар як зиндони вилояти Суғд» интишор ёфтааст. Ҳарчанд «Ахбор» сарчашмаи муътамад надорад, вале гӯё аз Хуҷанд итттилоъ дода шудааст, ки дар задухӯрдҳои дохили маҳбас чанд нафар куштаву захмӣ шуданд. Бо интишори ин гузориши буҳтонӣ иддао мекунад: «Ошӯбгарон дар зиндони Хуҷанд онҳоеянд, ки бо ҷурми узвият дар созмони террористии ДИИШ («Давлати исломӣ») ва Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи «Таҳрир» маҳкум шудаанд». Ғарази Мирзо боло мегираду на аз рӯи ҳақиқатнигорӣ, балки аз рўи таваккал ва танқид ба воқеаҳо баҳо медиҳад ва дар бозтоби ҳаводис иштибоҳ мекунад. Вай бештар бо таҳриви факту санадҳо ва хабарҳои сохтаву бофта матолиб омода мекунад. Ба воқеаву ҳодисае таваҷҷуҳ намуда, онро аз будаш зиёд ва бо дурӯғу буҳтони ногуфтанӣ инъикос менамояд.
М.Салимпур чун бадкешон бо ҳасуд барои бароварда гардониданӣ ормонҳои сарпарастон аз ҳар роҳу восита истифода менамояд. Мекӯшад мардуми сарбаланди тоҷикро гумроҳ карда, ба воқеаҳои таҳрифкардааш бовар кунонад. Маълум мегардад, ки торнома чанд хабари дар боло овардушударо чӣ гуна обуранг додааст.
Аммо ин вебгоҳ аз иттилооти дурӯғ, пахши такрории иттилои таҳрифшуда, тахрибкории мустақим истифода мебарад. Вобаста ба ин дар маводи «Ҳалокати беш аз 20 нафар дар исёни мусаллаҳона дар зиндони Хуҷанд» дурӯғро инъикос мекунад ва фаҳмидан ҳам душвор нест, ки иттилои пешниҳодшуда дар зимн ҳадафи дигар низ дорад. Дар зери парда хабар ҳамчун хусусияти умумидошта паҳн мегардад. Вале баръало дурӯғ буданаш эҳсос мешавад, ки танҳо барои як қисми андак ё танҳо барои як қисми муайяне эътибор дорад ва мақсади ҳамон ҷонибро тасвир мекунад.
Кизб будани иттилооти торномаи мазкур дар он асос меёбад, ки далели аососиро бо маълумоти бардурӯғ иваз карда, мазмуну муҳтавои аслиро аз байн бурдааст. Гузорише таҳти унвони «Шӯриш дар зиндони Хуҷанд: 27 кушта ва беш аз 100 захмӣ» тасвир меёбад, ки як дурӯғ мунтазам аз ҷониби дурӯғи нав ва ё дигар иваз шуда, дурӯғи пештар гуфташуда фаромӯш мегардад ва буҳтони ивазшуда инъикос меёбад. Хабари такрории дурӯғ имкон медиҳад, ки «ташвиқи лаҳзаӣ» ба вуҷуд ояд. Инро метавон иттилои махсуси дурӯғ ҳисобид. Зеро таъсири эҳсосотӣ ва равонии шахсро бедор намуда, ӯро ба самти нодуруст раҳнамоӣ мекунад. Иттилооти дурӯғе, ки Мирзои Салимпур дар робита ба ошӯб паҳн мекунад, мақсади эҳсосотӣ намудан ва ё нияти парешон ва пароканда кардани ҷомеаро дорад. Дурӯғ сабаб мегардад, ки норозигии мушаххас аз вазъият ба вуҷуд ояд.
Рустам Раҳимов, таҳлилгар