11 Ноябр 2018
Расонаҳои ифротии ТТЭ ҲНИ чанд наҳзатии ҷинояткор ва хоинро ҳамчун мусичаи бегуноҳ унвон карда, онҳоро ба сифати зиндонии сиёсӣ ном мебаранд. Дар асл, ин тоифаи ба ном зиндониёни сиёсӣ, ба сиёсат рабте надоранд, онҳо ҷиноят содир карда, тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шудаанду халос. Масалан, чанд нафари онҳо бо ҷурми иштирок дар кўшиши табаддулоти давлатӣ, аз ҷумла Маҳмадалӣ Ҳайит ва иддаи дигар дар сентябри соли 2015 бо гуноҳи терроризму ифротгароӣ маҳкум гардидаанд. Баъзеи дигарашон ҷиноятҳои хусусияти иқтисодидошта содир карда, ба маҳбас кашида шудаанд, ки яке аз онҳо Зайд Саидов аст.
Қобили қайд аст, ки парвандаи Зайд Саидов на хислати сиёсӣ дорад, балки маҳз ҷиноёти иқтисодии аз тарафи номбурда содиршударо фаро мегирад. Маҳз маҷмуи ҷиноётҳои дорои хусусияти тақаллубу фасод боиси зиндонӣ гардидани номбурда шудааст. Зайд Саидов ҷиноятҳоро дар ҳудуди Тоҷикистон содир намудааст ва аз ин рў бозбинии парвандаи ў тибқи муқарароти амалкунанда бояд дар додгоҳи Тоҷикистон сурат бигиранд. Аз лиҳози ҳуқуқи ҷинояткорро танҳо вобаста ба он ки қонуни авф аз тарафи қонунгозорӣ ба тавсиб расад, ва аз ҷониби мақомоти иҷроия ба амал қарор бигирад, танҳо дар ҳолати ба меъёрҳои дар он ҷой дошта, ин ё он нафари муҷрим авф карда мешавад.
Нафари дигар, ки ба ҷурми тақаллубу фасод ҳангоми иҷрои вазифаҳои касбиаш боздошт шуда, пушти панҷараи зиндон рафтааст ва бо қарори додгоҳ адои ҷазо менамояд, Бузургмеҳр Ёров мебошад. Аммо инро ҳам расонаҳои наҳзатӣ «фариштаи пок» талқин мекунанд ва гӯё ба ў низ беадолатӣ сурат гирифта бошад.
Аммо гуноҳи ҳамаи онҳо бо далелҳои раднопазир исбот гардида, бо қарори Суд ҷазо гирифтаанд. Маъмулан, ҷинояткорро дар ҳар кишвари дигаре ва дар ҳар давру замон ба ҷавобгарӣ мекашанд. Ягон ҷойи ҳайронию воҳима надорад. Ва ТТЭ ҲНИ ҳам ягон хел ҳизби мухолифи сиёсӣ нест, балки ташкилоти террористӣ - экстремистӣ мебошад. Инро мақомот бо санаду далелҳо исбот кардаанд ва қарори Суди Олии кишвар дар ин маврид судур гардидааст. Танҳо бахшидани ин нафароне, ки ҷиноят содир намудаанд, дар доираи қонуни авф имконпазир аст ва аз тарафи дигар бо ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар дигар ҳолат ҷинояткор бояд дар доираи қонун ва ҳукми додгоҳ адои ҷазоро анҷом диҳад.
Эҳсони Илҳом, коршиноси умури иҷтимоӣ