15 Ноябр 2018
Имрўз мардуми Тоҷикистон бо дилҳои лабрез аз фараҳу шоди ифтитоҳи НБО Роғунро ҷашн мегиранд. Ҳама хушҳоланду ҳамдигарро табрик мегуянд. Ба ин хурсандии мардуми мо намояндагони кишварҳои дигар ҳам шариканд ва ҷиҳати иштирок дар тантанаҳо ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.
Аммо ин ҳама ҷашну сурур бадхоҳони миллатро баръакс ғамгину сархам кардааст ва онҳо ба воҳима афтода чи кор карданашонро намедонанд. Яке а з чунин нафарон журналисти номуваффақ Ҳумайрои Бахтиёр аст, ки дар ғарибиҳо саргардон буда, имрўз беқарор шудааст ва матлаби пучу ҳарзаеро дар сомонаи ифротии Сайидюнуси ҳамдаму ҳамнафасаш ҷой додааст. Албатта ин амали нангинро Ҳумайро бо супориши хуҷаини террористаш Кабири содир кардааст. Аз навиштаи Ҳумайро бармеояд, ки имрўз дили бадхоҳаш оташ гирифтааст ва месўзад. Тарс аз он дорем, ки боз сухта тамом нашавад.Ҳумайро нороз гардидааст, ки дар кишвар амалҳои ободкоронаю созандаи Сарвари давлат ва Ҳукумат васф карда мешаванд. Наход дар як муддати кутоҳ, яъне баъди халос шудани кишвар аз ТТЭ ҲНИ Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардаду симои шаҳрҳо ба кулли дигар шавад ва имрўз мо НБО Роғунро ба кор андозему чунин амалҳоро, ки бо сарварии Пешвои миллат анҷом меёбанд, васф накунем? Охир мардуми кишварамон ба фарқ аз шумо имрўз хурсанд ҳастанд.
Ҳумайро месўхтааст, ки гўё мардум ҳамдигарро мешикаста бошанд. Бовар кунед чунин нест. Дар ғурбат ин наҳзатиҳо ва афроди мисли шумо хизматгори онҳоянд, ки ҳамдигарро ба хотири кадом пули гадоие мешикананду мехоянд. Масалан, агар касе шуморо дар ғурбат азият медода бошад, уро мардум гуфта намешавад. Ба ватан баргардеду ба фаъолияти дурусту қонуни камар бандед. Он гоҳ касе камари шуморо шикаста наметавонад. Ба низоме ки ободкор асту дар фикри беҳдошти мардум аст, эътироз кардан шарт нест.
Дар Тоҷикистон равшанфикрону устодони донишгоҳ вазифаашонро иҷро мекунанд, яъне мардумро ба роҳи дуруст бо навиштаҳояшон ҳидоят мекунанд, то мисли шумо гумроҳ нагарданд. Ибораи «обсофкунак» ба худи шумо ва ҳаммаслакони наҳзатиатон дуруст меояд, ки матлабҳои иғвоангезона паҳн мекунед.
Тоҷикистони озод мавҷуд аст ва ин Ҷумҳурии Тоҷикистон ном дорад, ки дар он мардум озодона зиндаги доранд. Шумо худатон иқрор ҳастед, ки то дараҷаи фаҳмиши дурусти мавзўи даст задаатон нарасидаед. Пас, ором бошеду ба кору зиндагии худ машғул шавед, он гоҳ сўзиши дилатон ҳам камтар мегардад. Зеро дар Тоҷикистон баръакси навиштаи шумо ҳуқуқу озодиҳо таъминанд. Фақат ин масъаларо бо ТТЭ ҲНИ олуда насозед, зеро фаъолони ин ташкилот ҷинояткоранд ва бо ин сабаб ба ҷавобгари кашида шудаанд.
Баръакси пиндори шумо дар Тоҷикистон фасоди давлати дар авҷ нест ва мардумро ҳам бо фасодкори айбдор накунед, ки чунин амал, яъне туҳмат ҷавобгари дорад.
Сохторҳои қудратии Тоҷикистон бар хилофи таълифоти шумо истибдодгар нестанд, балки амният ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро ҳифз мекунанд. Агар ҷинояткорону террористонро ба ҷавобгари кашида бошанд, ин истибдод нест ва байни инҳо фарқ ҳаст.
Уламою удабо агар ҳарфи Ҳукумати худро, ки ба манфиати мардум аст, таблиғ накунанд, пас чи кор кунанд? Фармудаҳои ифротии шумо ва Кабирии хуҷаинатонро таблиғ кунанд?
Расонаҳоро бо дуруғнависи туҳмат накунед, охир инҳо ҳамкасбонатон ҳастанд. Пас, шумо ҳам дуруғ мегўеду менависед.
Ҳукуматро бо таҷовуз кардани шарафу номуси шаҳрвандон туҳмат накунед, ки ҷавобгари дорад. Шояд шумо иштибоҳ кардаеду таҷовузгари мегуфтагитон дигар аст?
Бовар кунед сохторҳои марбута дар давоми муборизаи шадиду тулони бо ТТЭ ҲНИ терроризму ифротгароиро хуб шинохтаанд. Ҳамаи ҷиноятҳои онҳо исбот шудааст. Беҳтараш худро аз онҳо дар гиред, ки ин маризи гузаранда аст. Пурсиши аъзои хонаводаи як террорист ва ё ҷинояткор амали маъмулиест, ки дар дилхоҳ кишвар доир карда мешавад. Ин як амали қоидави ва зарурист ва аз шиканҷа фарқ дорад.
Ба шумо ёдрас мекунем, ки васфи корҳои бузург, масалан, ифтитоҳи НБО Роғун ғуломхўи нест, балки ин барои мардуми мо рўзи ҷашн асту тантана аст. Агар шумо дар ҳамин рўз ғамгин бошеду мотам гиред, ҳаммаслаки душманонед.
Агар мехоҳед манфиатҷўю худхоҳ набошед ва эҳтирому эътирофи дигаронро ба ҷо оред, чунин кунед. Аз душманони миллат ҷудо шавед, ҳарзагўию иғвоангезиро бас кунед, ба кори дуруст машғул шавед, он гоҳ ҳамааш хуб мешавад ва дунё дар назаратон рангин менамояд.
Ҳувайдулло П.коршиноси умури сиёсӣ