Матни равон

Тавре ки ҳамаи мардуми Тоҷикистон огоҳанд,  16 ноябри соли равон чархаи аввали НБО «Роғун» ба кор медарояд. Орзуи деринаи мардуми кишварамон амалӣ мегардаду саҳифаи наве дар таърихи миллат боз мегардад.

Албатта, ин рўзи таърихӣ, ки иншооти муҳими аср ба фаъолият оғоз мекунад ва Тоҷикистонро ба кишвари аз ҷиҳати саноати энергетикӣ қудратманд табдил медиҳад, ҷашни бузург мебошад. Аммо ин тантанаҳои идона  барои мардуми созандаву ободкору худшиносу худогоҳ аст, на барои ду-се худбохтаи наҳзатие ки ба хориҷа фирор  карда, бо ҳарзагўиву дурўғпароканӣ нисбат ба ин ватану миллат хиёнат мекунанд.

Аз нигоштаҳои чанд рўзи охири бадтинатону бадфитратони наҳзатӣ ва дигар ғуломтабиатон рашку ҳасрат намудор аст. Ин дилсиёҳону бадниятон дар ҳамин рўзҳои фарҳабахшу фирўз  қаламашонро танҳо ба сиёҳнависиву бадгўи истифода мебаранд. Дар ҳамин лаҳзаву соат бо андешаи ботилу бадбинонаи худ фазои иттилотиро бо суханони ғаразноку иғвоангезонаашон пур намудан, магар мухолифи манфиатҳои миллӣ  будани онҳоро нишон намедиҳад?

Ё ҳама пешрафтҳою хушиҳои зиндагиро бо чашми  баду нотавонбинонаи  худ бад шинохтану ҳисобидан мояи зиндагии чунин нафарон аст?

Дар  сархати расонаҳои ифротие, ки журналистикаро танҳо чун василаи бадгўиву иғроқпароканӣ дар мавриди сиёсату иҷтимои Тоҷикистон истифода мекунанд, сайтҳои хабарии «Аkhbor.com», «Payom.net», «isloh.net», «ozodandishon.com», «Vostoknews.org», «Кимиёи саодат» ва чанде дигар қарор доранд. Инҳо ҳамагӣ вобастаи моддию маънавии ТТЭ ҲНИ ва сармоягузорони хориҷиашон ҳастанд, ки ба хотири қути лоямут ва дар он ғарибиҳо намурдан аз гушнагӣ чунин амалҳои зиддимиллӣ ва зиддиинсониро анҷом медиҳанд. Боз нашармида инҳо (масалан, Мирзои Салимпур, Муҳаммадиқболи Садриддин ва ғайра) фаъолияти душманонаю хоинонаашонро «мубориза» ва пулҳои ба гадоӣ талабидаашонро «грант» меноманд.

Имрўз Роғун омили пешрафту инкишофи саноати Тоҷикистон мегардад, ба хонаву дари мардум рўшноӣ меораду ба дилҳои соҳибватанон нуру зиё ато мекунад. Аммо хоинону нотавонбинони  миллати тоҷик ҳоло ҳам дар торикию  зулмот боқӣ мемонад. Ин торикдилон имрўз баръакси мардуми кишварамон мотам доранду ғаму андуҳ онҳоро мехурад. Пас, ба ин ғуломтабиатони наҳзатӣ ва косалесони онҳо таъзия изҳор мекунем! Барои инҳо сабр хоҳонем, то дар оташи  ғаму андуҳ сухта хокистар нашаванд!

 

Диловари Хуршед

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2272
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:14686
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2272
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:53409
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8262921

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?