Матни равон

Ҳазор испанд, ҳазор испанд,

Ҳазору як решаи испанд.

Чашми бадбинони гирду пеш,

Бисӯзад дар оташи тез.

Роғун масъалаи муҳимеро рӯнамоӣ кард. Дӯстро аз душман ҷудо кард. Ҳамон гуна, ки оппозитсия, ободии ин мулкро 27 сол пеш намехост ва мухолифи сарсахти сохтмони НБО «Роғун» буд, ҳоло ҳам дар зершуури ин тоифа ҳеч чиз тағйир наҳӯрдааст. Ин роҳгумкардаҳо душмани ашаддии Роғун боқӣ мемонанд. Аз баҳсу мунозираи кулӯху сангу банди эзор нараҳиданд, ки нараҳиданд. Ҳанӯз, ки ҳанӯз аст, дар хориҷа истода, санг сӯи ободии мулк мезанад ва бадтар аз ин қаноти ҷангии онҳо дар Афғонистон - «Ансорулло», хостори барҳам задани ин ҳама ободии бо хуни дилу обилаи даст эъморшударо, дар қалби қассоби худ мепарварад.

Ҳоло, ки дар Ғарб ҷойгузин шудаанд, оппозитсионерҳои ҳиҷратдӯст, тасвири қалбакии мардуми моро ба чаҳониён мекашанд. Ин хиёнатманишӣ табиати азалии онҳо гаштааст. Мурғе пар занад, онро каргаси хунхор метарошанд. Фарёди булбулро зоғ мепиндоранд. Моҳигире барои дилхушӣ моҳичае гирифта бошад, онро наҳанг вонамуд мекунанд. Аз пашша фил месозанд. Гӯсфандро шутур инъикос менамоянд. Дар ин таблиғоти зиддимиллӣ, равғанрезҳои «Ахбор.ком», «Паём.нет», «ислоҳ.нет» ва «Кимиёи саодат» пешдаст мебошанд.

Яке аз радиои «Озодӣ» ранҷида, айби Исоро аз Мӯсо мегирад. Дигарӣ, маблағи туркҳоро барои озодии Б.Ёров ситонида, аз худ кардааст ва ба ин роҳ ба обсофкунӣ машғул аст.Сеюм, нафрати авлодӣ ба ин марзу бум дорад ва бинобар даст доштан дар куштору ваҳшонияти мардуми вилояти Хатлон, пойгоҳи зиддиҳукуматӣ оро додааст. Чорумӣ, бо дини бобоӣ падруд гуфта, часпидааст, ба ҳавзаҳои ба ном илмии ахли асноашария ва ба як уқдамандии хос, «саодат»-и инқилоби исломӣ содир мекунад. Ин чорумӣ бо ҷамъоварии ҳаммаҳалҳои худ деги тафриқаи мазҳабиро гарм карда, ба чеҳрасозии навъи ҳумайнизми навъи тоҷикӣ машғул аст.

Дар маҷмуъ, оппозитсия фарсуда, афсурда ва ба майдони ақидаҳои зиддимилдӣ табдил ёфта, аз риторикаи ҳизбӣ ба низоми давлатдории муосир ба душмани Тоҷикистон табдил ёфтааст. Ҳамон тавре ки гуфта шуд:

Ҳазориспанди шеърамро ба роҳат дуд хоҳам кард,

Ва бо дудаш ҳама деву ҷини ифрити роҳатро,

Чу Рустам раҳ ба раҳ нобуд хоҳам кард.

Падруд нотавонбинон!

Роғун муборак!

Фарҳод Калонов, таҳлилгар

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2958
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:14686
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2958
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:54095
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8263607

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?